Давоми соли равон 47 маротиба аксияи “Тозагии соҳил”, 51 маротиба “Тозагии маҳал” ва 8 маротиба “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуда, 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза шудаанд ва 3527 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ бароварда шудаанд.

Бо роҳандозӣ намудани аксияҳои экологӣ дар пойтахт тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар таъмин гаштанд.

“Дар раванди  баргузории 47 аксияи экологии “Тозагии соҳил”, ки дар соҳили дарёи Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Янги-Чоряккорон, Ҳазора, Шайнак, Қазоқон, селпартоҳои Свериденко, Коргар, Анзоб, Зарафшон доир гашта, , 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза гашта, ба миқдори 3527 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ тавассути 99 техникаи махсуси соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 51 маротиба аксияи экологии “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, дар ҷараёни аксия 855,4 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ карда шуданд.

Гузашта аз ин, дар ҳудуди шоҳроҳҳо 8 маротиба аксияи “Тозагии шоҳроҳ” роҳандозӣ гардида, 12241 метри тӯлонӣ роҳҳо тоза карда шуда, 26,5 м3 партовҳо бароварда шуд.

Бояд гуфт, ки дар аснои гузаронидани аксияҳои экологӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба сокинони шаҳраку маҳаллаҳо фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт таъкид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.