Мурофиаҳои судии боз ва боадолатона, озодии мудофеъони ҳуқуқи инсон, қатъи фишор болои расонаҳо ва журналистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди онҳо нуктаҳои муҳиме буд, ки Мэрӣ Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи вазъияти мудофеъони ҳуқуқи инсон, имрӯз, 9-уми декабр, зимни нишасти матбуотии худ рӯйи онҳо таъкид намуд.

Мэрӣ Лолор, ки аз 28 то 9-уми декабр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, пас аз мулоқот бо намояндагони мақомоти давлатӣ, дидор бо ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистони боздоштшуда ва намояндагони корпусҳои дипломативу ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар қароргоҳи дафтари СММ дар Душанбе барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуд.

Хонум Лолор гуфт, ки зимни сафари хеш бо намояндагони мақомоти гуногуни тоҷик, аз ҷумла дастгоҳи президент, вазоратҳои адлия, корҳои дохила, КДАМ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Суди Олӣ, вакилони парлумон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мулоқоту гуфтугӯ кардааст. Ӯ бо баъзе мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва созмонҳои минтакавию байналмилалии ҳукуқи башар низ дидор доштааст.

“Одамон аз мудофеъи ҳуқуқи инсон будан парҳез мекунанд”

Мэрӣ Лолор зикр намуд, ки зимни дидору мулоқотҳояш бо намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон бардоште ҳосил кардааст, ки “дар Тоҷикистон оид ба мудофеъони ҳуқуқи инсон фаҳмиши маҳдуд шакл гирифтааст ва одамон аз ҳомии ҳуқуқи инсон будан парҳез мекунанд”.

Мэрӣ Лолор
Акс: frontlinedefenders.org

Ӯ бо нигаронӣ таъкид намуд, ки “баъзе мудофеъони ҳуқуқи инсон ҳатто аз тарси дар оянда мавриди таъқиби эҳтимолӣ қарор гирифтан, намехостанд бо ӯ мулоқот намоянд”.

“Ман ин масъаларо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима кардам ва таъкид намудам, ки қабули қонуни махсус оид ба ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқи инсон метавонад ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи фаъолияти онҳо гардад ва шароити мусоид барои фаъолияти озоди онҳо фароҳам орад”, - гуфт Мэрӣ Лолор.

Дар ин баробар, гузоришгари вижаи СММ аз мулоқоти худ “бо мудофеъони шуҷои ҳуқуқи инсон, аъзоёни созмонҳои ғайридавлатӣ, журналистон ва блогнависон” ёдовар шуда, таъкид намуд, ки “аз фидокориҳои онон барои бунёди ҷомеаи одилона ва ба волоияти қонун асосёфта ба ваҷд омадааст”.

Нигаронии шадид аз саркӯби дигарандешон ва журналистон

Мэрӣ Лолор аз вазъи дигарандешӣ ва фаъолияти расонаҳо дар Тоҷикистон нигаронии шадид карда ва таъкид дошт, ки он ба “поинтарин нуқтаи худ расидааст”.

“Ба гуфтаи шахсоне, ки ман бо онҳо вохӯрдам, кор кардан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нисбат ба хозир осонтар буд”, - гуфт ӯ.

Ӯ тазаккур дод, ки “журналистон ва блогнависон, мудофеъони ҳуқуқи инсон бо василаҳои гуногун мавриди ҳадаф қарор мегиранд”.

“Дар тули 6 моҳи охир, тақрибан 20 журналист ва блогнавис дар бораи дастгир ва боздошт шудан гузориш додаанд. Ман тавонистам бо чанде аз онҳо дар ҳабси пешакӣ вохурам ва ман нигарон ҳастам, ки онҳо дар пайи тафтишоти нокофӣ ва мурофиаҳо дар шароити пӯшида бо далелҳои нокифоя айбдор карда шудаанд. Қонунҳо дар бораи пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм барои мавриди ҳадаф гирифтан ва криминализатсияи мудофеъони ҳуқуқи инсон истифода мешаванд, ки онҳо журналистҳои мустақил, блогерҳои шаҳрвандӣ ва дигар кормандони расонаҳо мебошанд”, - гуфт Мэрӣ Лолор.

Сафари дархостшуда, вале баргузорнагардида

Мэрӣ Лолор аз сафарҳои худ ба минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд нақл карда, таъкид намуд, ки “дархости маро барои сафар кардан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ҳукумат конеъ нагардонид”.

Бо ин вуҷуд, ӯ оид ба ҳаводиси ВМКБ ва таъсири ин ба фазои расонаиву ҳуқуқи инсон андешаҳояшро баён дошт.

“Ҳодисаҳои ахири дар ВМКБ рухдода ба вазъи умумии озодии баён, озодии иттиҳодияҳо ва ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта дар кишвар таъсири манфӣ гузоштаанд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар масоили вобаста ба озодии баён кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъқиб мешаванд. Аксар вақт намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Дар баъзе мавридҳо телефону ноутбукҳои онҳо бидуни қарори суд барои санҷиш мусодира карда шудаанд”, - иброз дошт Мэри Лолор.

Тавсиф ва афсӯс аз кори ҳукумат

Хонум Лолор аз қабули Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ва таҳия Нақшаи миллии амал оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати татбиқи тавсияҳои дафтари ҳуқуқи инсони СММ дар Тоҷикистон истиқбол карда, дар баробари ин, аз ба кундӣ амалӣ гардидани нақшаи мазкур ва набудани машварати аслӣ бо аъзоёни ҷомеаи шахрвандӣ ибрози таассуф намуд.

Мэрӣ Лолор гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд вазифаҳо ва уҳдудориҳои байналмилалии худро иҷро кунад ва бо мудофеони ҳуқуқи инсон барои бунёди ҷомеаи осоишта, одилона ҳамкорӣ намояд”.

“Ҳукумати Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки пешбарӣ ва ҳимояи мудофеони ҳуқуқи инсон, ки барои бунёди ҷомеаи одилу поквиҷдон кор мекунанд, ба манфиати худи ҳукумат аст. Ман аз ҳукумат даъват мекунам, ки ба мудофеони ҳуқуқи инсон ҳамчун шарик муносибат кунад, на ҳамчун душман”.

Тавсияҳо барои ҳукумат

Гузоришгари вижаи СММ дар поёни нишасти матбуотии худ чанд тавсия барои ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ироа намуд.

Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки мурофиаҳои судӣ ба таври боз ва боадолатона баргузор гардад, мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, бояд фавран озод карда шаванд, фишор болои расонаҳо ва журналистон қатъ карда шуда, барои фаъолияти озоди онҳо шароити мусоит фароҳам оварда шавад.

Ин тавсияҳои аввалияи гузоришгари вижаи СММ буда, дар назар аст, ки моҳи марти соли 2024 ӯ гузориши муфассали худро дар хусуси вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва озодии сухан дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ баён намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.