Бино ба иттилои Меҳрубон Фармонзода, Сардори шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 259 адад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ин масъул, аз теъдоди умумии оилаҳои пошхӯрда 2793 ададаш бо қарори суд ҷудо шудаанд. Меҳрубон Фармонзода гуфт, ки сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд ва дар баъзе маврид сабабҳо норушан боқӣ мемонанд.
Дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо дар вилояти Суғд 3826 ноболиғ аз парастории як тараф маҳрум мондааст, яъне ятим ё нимаятим шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола кормандони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кор бо занон ва корҳои дохила барои кам кардани теъдоди ҷудошавии оилаҳо корбариҳо мекунанд.
Ҳамасола Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қонунҳои марбут ба масоили оилавӣ, занону бонувон ва таълиму тарбияи фарзандон силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар минтақаҳои мухталифи вилоят мегузаронад.
Аммо аз омори пошхӯрии оилаҳо дар вилоят бармеояд, ки вохӯрӣ, чорабинӣ, насиҳаткунӣ ва дигар корҳое, ки сохторҳо доир менамоянд, натавонистааст натиҷаи дилхоҳ диҳад.
Айни дар самти пошхӯрии оилаҳо дар вилоти Суғд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи аввал меистад. Дар ин ноҳия, давоми 11 моҳ 595 оила барҳам хӯрдааст. Баъди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳри Хуҷанд-388 адад ва сеюм шаҳри Конибодом-376 адад шаҳрҳои осебпазир бобати ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ мешаванд.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста