Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.
Як манбаъ огоҳ аз тағйироти кадрӣ, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ҳоло маълум нест, ки Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии ҳамакнун собиқ ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Қурбон Ҳакимзода рӯзи 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин шуда буд.
Давлаталӣ Саид беш аз 9 сол, аз моҳи ноябри соли 2013, дар вазифаи муовини якуми сарвазири Тоҷикистон кор карда, бахши иқтисодии ҳукуматро роҳбарӣ мекард.
Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста