Ширин Амонзода, вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баъди барканориаш зимни як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” сукутро шикаст ва дар робита ба ҳоли имрӯза ва нақшаҳои ояндааш ҳарф зад. Ӯ гуфт, ба кори илмӣ машғул мешавад.
Ширин Амонзода, ки гуфта мешуд яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат аст, моҳи январи соли равон баъд аз 3 соли роҳбарӣ аз мансаби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳи муовинонаш барканор гардид. Ӯ дирӯз, 5-уми феврал, 45-сола шуд.
Номбурда зодаи пойтахти кишвар ва хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон аст ва қабл аз вазирӣ роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии кишварро ба зимма дошт.
“Азия-Плюс” дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба ҷашни зодрӯзаш ӯро табрик гуфт ва аз ҳолу рӯзгори имрӯзааш пурсид.
- Имрӯзҳо чӣ ҳолу аҳвол доред?
- Ҳолам хуб аст.
- Ба чӣ кор машғулед?
- Бештари вақт дар хона ҳастам. Ҳамроҳи фарзандонам. Бояд гӯям, ки дар хона будан маънои бекориро надорад. Ба мутолиа машғулам. Китобҳоро варақ мезанам. Ба китобхонаҳо сар мезанам, махзанҳои илмиро варақгардон мекунам, мехонам, менависам, пажӯҳиш мебарам.
- Нақшаҳои минбаъда чӣ аст?
- Ба кори илмӣ машғул мешавам.
- Шумо аллакай номзади илм ҳастед. Кори докториатон дар чӣ хусус мешавад?
- Дар доираи “Муколамаи тамаддунҳо” аст ва идомаи кори номзадиам мешавад. Кори докторӣ аслан оғоз шуда буд, ки баъдан канор мондам. Ҳоло ба такрор саҳифа мегардонам.
- Каррераи сиёсиатон чӣ мешавад?
- Тасмимҳо ниҳоӣ, ки шуданд, ҳатман хабардор мешавед. Бекор наменишинам. Ба кори илмӣ ё кори дигаре машғул мешавам. Ин аниқ аст.
- Ҳудуди се сол вазири меҳнату муҳоҷират будед. Аз кори худ қаноатманд ҳастед?
- Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.
- Пас тасмими дар пойтахт монданро доред?
- Ҳатман. Чаро не? Аслан, ин аз ҷуғрофиёи кор вобаста аст. Боз мебинем.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли равон Ширин Амонзода ҳамроҳи чанд муовинаш бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод шуд.
Ба ҷои ӯ, Ҳасанзода Гулнора, ки то ин дам роҳбари Оҷонсии омори Тоҷикистон буд, вазири меҳнат таъин гардид.
Ӯ қаблан дар вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, дар курсии вазирӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз намуда буд.
Дертар, сардорони хадамот ва оҷонсии ин вазорат низ бо фармони раисҷумҳури кишвар аз мансаб барканор шуданд.
Ширин Амонзода, муовинон ва сардори хадамоту оҷонсии ин вазорат то ҳол ба мансаби дигар таъин нашудаанд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста