Дар соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мсебошад. Дар ин бора Соима Муҳаббатова, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳфили "Тавозун", ки ТҶ “Хома” баргузор кард, хабар дод.
Ба гуфтаи Соима Муҳаббатова, кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол ба сол афзоиш меёбад.
"Дар давоми соли 2023-ум 154,2 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст", - гуфт Муҳаббатова.
Ба таъкиди номбурда, дар соли 2024-ум 279,8 млн ва дар соли 2025-ум 291,9 млн сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, ин кумакҳо барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки айни замон дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, давоми панҷ соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 25,5 ба 22,5 дарсад поин омадааст.
Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
“Ҷинояти ҷангӣ”. Авфи байнулмилал Толибонро ба муҷозоти оммавии сокинони Панҷшер гунаҳкор кард
Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд
Амири Қатар вориди Душанбе шуд
Об - яке аз омилҳои муноқишаи марзӣ. Чаро созишномаҳои басташуда мушкили тақсимоти обро ҳал намекунанд?
Дар Панҷакент боз як ёдгории таърихӣ кашф гардид
Имрӯз калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ҳаракат дар роҳҳои пойтахт маҳдуд мегардад
Баъди қазияи латукӯби сарбозон, Додситонии кулл назорат бар меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кард
Арзиши футболбозони Тоҷикистон 1,45 млн евро боло рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста