Шаҳрванди Тоҷикистон бар асари як муноқиша дар Маскави Нав (Новая Москва) захм бардошт – дар шаҳри Шербинка як шахси номаълум тирпаронӣ карда, бо автомашинаи Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тибқи маълумоти Telegram-канали 112, дар натиҷа бинокори 23-сола аз Тоҷикистон Алишер Холов аз пояш захм гирифта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Бо 14 нафар мардон аз ҷойи ҳодиса ба шуъбаи пулис бурда шуда, айни замон бозпурсӣ мешаванд. Хбар дода нашудааст, ки инҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ё не.
Бино ба маълумоти канал, сабаби муноқиша бо тирпаронӣ пардохт нашудани музди меҳнат буда, коргарон бо бригадир муноқиша кардаанд.
Гуфта мешавад, бригадир пас аз ҷанҷол бо Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашина ба сокини 28-солаи Ингушетия Мусо Чахкиев тааллуқ доштааст, вале дар дохили мошин будани худи ӯ ҳоло маълум нест.
Соҳиби мошин дар ҷустуҷӯ қарор дошта, 16 ҷарима, 7 маҳдудият барои сабти ном ва ҳабси иҷрочиёни судӣ дорад.
Автомашина мавриди ҷустуҷӯи кормандони пулис қарор дошта, дар Маскав нақшаи “Боздошт” (Перехват) эълон шудааст.
Бори охир автомашинаро дар шоҳроҳи Варшава диданд. Ба ҳамаи кормандони пулис тавсия дода шудааст, ки ҳангоми кор либосҳои махсуси ҳимоя аз тир (бронежилет) дошта бошанд.
Зикр мешавад, ки дар дохили мошин 4 нафар қарор дошта, ҳамаашон бо худ силоҳ доранд.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста