Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасиии парвандаи се корманди милиса оғоз кардааст, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд.
Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд.
Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфта буд "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт". Аммо наздиконӣ Абдуқаҳҳор Розиқов иддао карданд, ки ӯ зери шиканҷа ҷон додааст.
Як манбаъ огоҳ аз рафти мурофиа гуфт, ки кормандони милиса боздошти худсаронаро эътироф, вале шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқовро рад кардаанд.
Қаблан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”.
Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо ӯ аз касе ном нагирифт.
Абдуқаҳҳор Розиқовро кормандони милиса шаби 3-юми январ бо гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухадддир боздошт карданд, вале субҳ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд.
Марги ӯ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Мақомот ваъда доданд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ мекунанд.





Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста