Дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент новус (қабр)-е боз шудааст, ки дар он тоқчаву устухонҳо мавҷуд будааст. Ин қабр дар пайи фурӯравии қитъаи замин кашф гардидааст.
Дар ин бора аз сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, қабр дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (маҳаллаи Қаротегин)-и Ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст.
“Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар зери зардхок новус (қабр) кофта шуд, ки шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили новус (қабр) тоқчаҳо мавҷуд мебошанд. Дар ҳар кадом тоқча як сағона ё устухондон (хуми устухондор) гузошта шудааст. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии замин хароб шудаанд”, - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ба ин мавзеъи навкашфшуда бостоншиносон рафта, ба омӯзиш машғуланд ва хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо пешкаши олами илм мегардад.