Имрӯз яке аз пешсафтарин радиоҳои пойтахт – “Азия-Плюс” зодрӯзи худро таҷлил мекунад. Он чӣ гуна таъсис ёфт, зодрӯзи худро чӣ тавр таҷлил мекунад ва дар ояндаи наздик кадом лоиҳаву барномаҳои навро роҳандохӣ мекунад?

Тими муттаҳиду ҳирфаии радио ҳамеша дар ҷустуҷӯи ғояву барномаҳои нав барои шунавандагонаш аст.

“Ба наздикӣ мо дар дафтари “Азия-Плюс” бо иштироки Орзу Исоев барномаҳои консертии бегоҳиро оғоз мекунем. Дар он ситораҳои эстрадаи тоҷик иштирок карда, ба таври зинда ва мустақим сурудҳои худро манзури шунавандагон ва мухлисонашон мекунанд. Зимнан, шунавандагони доимӣ метавонанд дар ин барномаҳои консертӣ ҳузур дошта бошанд ва дар студияи радио бо сарояндаи дӯстдоштаи худ мулоқот намоянд”, - мегӯяд директори радио Манижа Анварӣ.

Дар охири моҳи сентябр Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аввалин силсилафилми хешро бо номи “Дом” рӯнамоӣ мекунад, ки дар таҳияи он бештар аз ҳама кормандони радио заҳмат кашидаанд.

“Ин таҷрибаи аввалини мост, аммо мо ният дорем, ки корро дар ин самт идома диҳем. Силсилафилм дар бораи чӣ гуна ба Душанбе омадани духтари ҷавону соддаи музофотӣ Малика нақл мекунад. Ӯ дар талоши дарёфти пул барои табобати падари бемораш ба дасти қаллобон афтода, бо баҳои ҷон бо онҳо мубориза мебарад”, - изҳор дошт Манижа Анварӣ.

Охири сол, чун ҳамеша, Радиои “Азия-Плюс” маросими ҷоизасупории Tarona Music Award баргузор мекунад.

“Имсол дар лоиҳаи мазкур навгониҳои зиёд ворид кардем. Яке аз онҳо ин аст, ки сурудҳои беҳтарини солро худи шунавандагон интихоб мекунанд. Дар платформаи махсус шунавандагон метавонанд ба суруди дӯстдоштаи худ овоз диҳанд. Таронаҳое, ки бештари овозҳоро соҳиб мешаванд, ҷоизаи мусиқии Tarona Music Award-2023-ро аз “Asia-Plus” дарёфт мекунанд”, - мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин, тибқи анъана радио барои шунавандагонаш чорабиниҳои зиёди дигар, аз ҷумла маъракаи “Модарони Душанбе”, ҷашнвораи “Осмони Душанбе”, ҷашнвораи кӯдаконаи “Салом, тобистон”, ҷашнвораи “Мошинҳои антиқа” баргузор мекунад.

12-уми сентябр, ба ифтихори зодрӯзи радио шунавандагонро барномаҳои идона бо иштироки навозандагону ҳунармандон ва соҳибкорони маъруф интизор аст. Мусикӣ, зарофат ва табрикоти зиёд садо медиҳад.

Илова бар ин, ровиёни радио бо баргузории бозиҳои шавқовар барои шунавандагони фаъол тӯҳфаҳои арзишманд тақдим мекунанд.

Барномаи идонаи моро пайгир бошед. Мо шодиву нишот ва меҳру муҳаббати худро бо шумо бо ҳам мебинем.

Метавонед барномаҳои идонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед ва радиоро онлайн бишнавед:

Telegram - https://t.me/radioasiaplus   

Instagram - https://instagram.com/asiaplusradio  

Facebook - https://www.facebook.com/radioasiaplus

Имрӯз Радиои “Азия-Плюс” радиои пешсаф дар пойтахт аст. Ин пахши шабонарӯзӣ ва 7 рӯз дар як ҳафта. Рӯйдодҳои муҳимтарин ҳар соат бо забони русӣ ва тоҷикӣ. Шоу-барномаҳои ҷолиб ва пурмазмуну шавқовар. Навгониҳои муосиртарин дар мусиқии Тоҷикистону Шарқ ва ҷаҳон. Қабули мавҷи радио дар шаҳрҳои бузурги кишвар ва пахши онлайн дар ҳама гуна нуқтаи сайёра. Як тими бо ҳам дӯст, навовар ва боистеъдод.

Маконест, ки дар он муҳаббату умед ҳукмфармост.


Аз чӣ оғоз шуд

Оғоз начандон хушоянд буд. Соли 1998 мо барои таъсиси аввалин FM-радиои мустақил дар Тоҷикистон аз ЮНЕСКО грант гирифтем. Хеле зуд студияро муҷаҳҳаз намуда, кормандонро қабул кардем, ровиёнро омӯзонида, аз Маскав якчанд диск бо мусиқии муосир овардем. Ҳамааш барои ба эфир баромадан омода шуд, лекин... Ғайричашмдошт дар мавриди гирифтани иҷозатнома мушкилиҳо пеш омаданд. Аз мақомот ба мо як посухе аҷибе расид: “Дар Тоҷикистон шабакаҳои радио кофист ва барои таъсиси шабакаи нав зарурате нест...”.

Мо дарҳои зиёдеро охурча карда, исрор меварзидем, ки аз чизи нав ҳаросидан лозим нест, дар ҳамаи кишварҳои ҳамсоя кайҳост инҷониб шабакаҳои мустақили радио муваффақона фаъолият доранд ва дар ин ҳеҷ чизи фавқулодае нест! Дӯстони бонуфузи мо - вазири амнияти кишвар генерал Сайдамир Зуҳурович Зуҳуров, вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назарович Назаров, мушовири давлатии президент Иброҳим Кенҷаевич Усмонов ва боз чандеи дигар самимона мехостанд ба мо кумак кунанд. Чизе ҳосил нашуд, моро лозим омад, ки чор соли дароз интизор шавем.


Президент “гиреҳи мушкилро” кушод

Барои ҳалли масъалаи гирифтани иҷозатнома чор сол вақт ва дахолати шахсии Президенти кишвар лозим шуд. Соли 2002 бидуни ҳеҷ умедворие ин мукшиламонро ба Суҳроб Шарипов, корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент арз дошта, аз ӯ дархост намудем, ки ин маълумотро ба Сарвари давлат расонад. Суҳроб ваъда дод, ки фикр мекунад. Боиси тааҷҷуби хеле зиёди мо буд, ки баъди чанде ба роҳбари «Азия-Плюс» аз дастгоҳ занг заданд: «Соати 11.00 ба даромадгоҳ биёед, бо Сарвари давлат суҳбат мекунед»...

Дар он вохӯрӣ Президент бодиққат далелҳои моро шунида, ваъда дод, ки ҳалли масъаларо шахсан зери назорат мегирад. Пас аз як ҳафта мо иҷозатнома гирифтем. Баъди як моҳ, 9 сентябри соли 2002 соати 6-и субҳ Радиои “Азия-Плюс” бори нахуст дар басомади 107 FM ба пахши барномаҳои худ дар пойтахт шурӯъ кард. Аз он рӯз расо 20 сол пур мешавад.


Қадамҳои нахуст

Дар ҳама соҳа аввалин будан ҳамеша душвор аст: вақте туро лозим меояд кореро анҷом диҳӣ, ки касе ва ҳеҷ гоҳ накардааст, вақте ягон кас таҷриба надорад, касе ҳам нест, ки аз ӯ омӯзӣ, вақте ҳамаашро бо озмоишу иштибоҳ иҷро кардан лозим меояд. Аз ин рӯ, табиист, ки рӯзҳои аввали кор барои радиои “Азия-Плюс” душвор буданд - ҳама кор дар ҷараёни он омӯхта мешуд, рӯйхати мусиқиву таронаҳоро дастӣ тартиб медодем, барномаҳо ва бахшҳои нав таҳия мекардем, барои кор бо компютер дар дафтари корӣ навбат меистодем, дар ҷойи кор хоб мекардем, чандин бор пиёда ба студия дар ошёнаи 8-уми бинои “Автотранстехника” (феълан филиали Донишгоҳи давлатии Маскав) мебаромадем... Лекин чӣ даврони хуше буд он замон!

Фазои муҳаббату эҷодро дар радиои мо ҳамеша коргарони он фароҳам меоварданд. Номи чанде аз онҳо, ки солҳои аввал кори радиоро роҳандозӣ намуданд - “устоди соҳаи техника” Хуршед Ниёзов, илҳомбахш ва муассисони шабакаи радио Умед Бобохонов, Абдураҳим Муҳидов, Далер Нурхонов, Заррух Икромӣ, аввалин муҳаррири бахши мусиқӣ ва баъдан - директори радио Катя Аракелова, ровиёни варзидаи мо Диана Багдасарова ва Грант Газарян, Шералӣ Ҷӯрабоев, Елена Зеликовия, Шаҳло Насриддинова, DJ Аки, Парвона Аҳрорӣ, хабарнигорон Тимур Бандишоев, Амонулло Хайруллоев, Лола Кенҷаева, Манижа Аҳмедова, Шавкат Раҳматуллоев, коргардони овоз Насим Шоймуродов, сармуҳосиб Мавлуда Хурсандова ва боз бисёре аз дигарон. Воқеъан ҳам дастаи орзуҳо!


“Аз қулла то қулла”

“Мо радиоро таъсис додему радио моро сохт, - ба хотир меорад собиқ директори радио Екатерина Аракелова. - Ҳама гуна қулла бароямон дастрас буд ва қулла паси қулларо фатҳ мекардем. Мо кореро анҷом медодем, ки то мо касе накарда буд...”.

Аввалҳо радиои мо 8 соат дар як шабнарӯз ва баъдан 12, 18 соат барнома пахш намуда, сипас ба пахши шабонарӯзӣ гузаштем. Соли 2011 мавҷи радиои “Азия-Плюс” дар вилояти Хатлон, соли 2013 - дар басомади 104,4 FM дар вилояти Суғд дастрас шуд. Баъди як сол шунидани барномаҳои радиои мо тариқи интернет аллакай дар тамоми гӯшаи ҷаҳон - Русия, Аврупо, Амрико, Африқо имконпазир гардид!


Ба ҷуз барномаҳои ҷолиб, чорабиниҳои дастаҷамъонаи мусиқӣ дар фазои кушод, ки шабакаи радио аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ барои сокинони Душанбе роҳандозӣ намуд, базудӣ ба як муаррифгари радиои “Азия-Плюс” табдил ёфтанд. Аксари сокинони пойтахт консертҳои ситораҳои эстрадаро дар боғи марказии Душанбе, майдони “Дӯстӣ”, майдони 800-солагии Маскав хуб дар хотир доранд. Аллакай соли 2003  бо иқдоми “Азия-Плюс” аввалин маросими тақдими ҷоизаҳо дар соҳаи эстрадаи муосири Тоҷикистон - “Суруди сол” роҳандозӣ шуд. Дар ин маросим ба сифати меҳмони фахрӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳи ӯ ҳамаи мансабдорони радаи аввали кишвар ҳузур доштанд. Маросими мо ҷолибтарин рӯйдод дар соҳаи мусиқии эстрадаи кишвар гардида, имрӯз бо унвони «Tarona Music Award» баргузор мешавад.

“Мо ҳамроҳи шунавандагонамон ба воя расидем”

“Имрӯз Радиои “Азия-Плюс” анъанаҳоеро, ки 20 сол пеш рӯйи кор омада буданд, идома медиҳад. Мо аллакай таҷрибаи ғании корӣ дошта, бо таҷҳизоти муосир ва студияи нави зебо таъминем, - мегӯяд директори радио Манижа Аҳмедова. - Акнун радиои мо натанҳо “сухан мегӯяд”, балки “нишон ҳам медиҳад”, яъне мо наворҳои видео таҳия намуда, дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба комёбиҳо ноил мегардем ва аз студияву чорабиниҳоямон пахши мустақими видеоӣ роҳандозӣ мекунем. Аммо чизи асосии имрӯз доштаамон - захираи бузурги садоқат ва эътимоди тӯли солҳои зиёд ҷамъовардаи шунавандагонамон аст, ки онро хеле қадр мекунему гиромӣ медорем!”.


Имрӯз ҳам мисли солҳои пешин фонди тиллоии Радио мо - тими боистеъдод аст.

Ровиёни варзида ва рамузфаҳму ҳозирҷавоби барномаҳои радио - Даря Христолюбова ва Баха Назирбаев, Андрей Соколов, Орзу Исоев, Лола Абдуназарова. Шуъбаи ҷиддитарини радио - хадамоти иттилоотӣ мебошад, ки дар он рӯзноманигорон Лайлӣ Назарзода ва Таҳмина Охонвалиева фаъолият доранд. Устодони насби овозу услуб - коргардонҳои овоз Ҷаъфар Халилов, собиқадорони хадамоти рекламаи мо Шералӣ Қаландаров ва Бону Насриддинова, директори ивазнашавандаи техникӣ Икром Охунов, сармуҳосиби серталаби мо Малика Умарова.


Ин афрод имрӯз бо заҳмати ҳамарӯзаи худ пахши ҷолибтарини радиоро дар шаҳри Душанбе таъмин намуда, дар баробари барномаҳои ҳамарӯза, ҳамроҳи кормандони тамоми расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро амалӣ месозанд, ки вирди забони сокинони пойтахт аст.

Ҳар сол ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон мо иқдоми “Модарони Душанбе” баргузор намуда, дар доираи он автобуси зебу зиннатёфта дар хиёбонҳои марказии пойтахт равуо мекунад ва бонувони пойтахтро бепул ба ҷойи сафарашон расонида, ба онҳо аз номи худ ва шарикон гулу туҳфаҳо тақдим мешавад.

Ин афрод имрӯз бо заҳмати ҳамарӯзаи худ пахши ҷолибтарини радиоро дар шаҳри Душанбе таъмин намуда, дар баробари барномаҳои ҳамарӯза, ҳамроҳи кормандони тамоми расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро амалӣ месозанд, ки вирди забони сокинони пойтахт аст.


Ҳар сол ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон мо иқдоми “Модарони Душанбе” баргузор намуда, дар доираи он автобуси зебу зиннатёфта дар хиёбонҳои марказии пойтахт равуо мекунад ва бонувони пойтахтро бепул ба ҷойи сафарашон расонида, ба онҳо аз номи худ ва шарикон гулу туҳфаҳо тақдим мешавад.

Инчунин, ҳамасола бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон мо ҷашнвораи бузургмиқёси “Салом тобистон!” баргузор менамоем, ки аз чорабиниҳои зиёди маърифатӣ ва фароғатӣ иборат аст. Чанд сол инҷониб дар ҳамдастӣ бо Клуби дӯстдорони автомашинаҳои қадимаи Тоҷикистон ва дастгирии шаҳрдории Душанбе дар қалби пойтахти кишвар - майдони назди Театри опера ва балет баргузории Ҷашнвораи ретро-автомобил ва ретро-мусиқӣ ҷараён мегирад.

Аллакай чанд сол аст, ки дар ҳамдастӣ бо шарикон “Азия-Плюс” иқдоми хайрияи “Ҳамроҳ мутолиа мекунем”-ро барпо мекунад, ки дар ҷараёни он гурӯҳе аз кормандони радио ба аёдати тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо рафта, бо кӯдакон китоб мехонанд, бо иштироки ҳунармандони Театри лӯхтак, актёрон ва ситораҳои эстрада консерту дигар чорабиниҳо мегузаронанд.


Ба назари мо, ҳамаи кормандони собиқу имрӯзи корхона ҳамеша як ҷузъи ҷудонашавандаи “Азия-Плюс” боқӣ мемонанд. Мо ҳамаи онҳоеро, ки солҳои гуногун дар таъсис ва минбаъд рушду такомули радио саҳм гузоштаанд, хуб дар хотир дорем -

Кирилл Комбаровро, ки муддати тӯлонӣ директори барномавӣ, муҳаррири бахши мусиқӣ ва ровии барномаҳо буд, ровиён - Аслишо Акимбеков, Ирина Алкова, Гуландом Худойназарова, Беҳрӯз Насриддинов, Анна Коситсина, Мубориз Усмонов, Макс Қосимов, Валентина Кондрашова, Алина Мирзоева, Сива Ҷалилов, Давлатёри Убайдулло, Сафо Сафаров, Зарнигор Соҳибназарова… Ҳамаро наметавон номбар кард! Радиои дӯстдошта онҳоро ба ҳаёт ҳидоят намуда, имрӯз мо аз дастовардҳои онҳо дар кору ҳаёташон ифтихор дорем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.