Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. “Азия-Плюс” ба ин муносибат расмҳои муҷассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форсро гирд овард.
Пайкараҳои одамушшуаро дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ба вижа, дар пойтахти кишвар дастикам 4 пайкараи барқади устод Рӯдакӣ дар Боғи Рӯдакӣ, Боғи парчами давлатӣ, майдони Рӯдакӣ ва дар девораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта шудааст.
Нимпайкараҳои устод Рӯдакиро бошад, дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи Беҳзод ва дигар муассисаҳои илмуву адабӣ ниҳодаанд.
Дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қомат афрохтаанд.
Барои гиромидошти ному ёди шоири бузурги тоҷику форс дар кишварҳои дигари ҳамзабон ва ҳамсоя, сар аз Эрон то Ӯзбекистону Қазоқистон ва Чин муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 - солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд.
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 941 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт. Мавсуф дар дарбори Сомониён хидмат намуда, пойдевори шеъри тоҷику форсро бино сохт. Баъд давраи пиронсолагияшро дар зодгоҳаш ба сар бурд ва ҳамон ҷо даргузашт.
Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста