Ба овозхони шинохтаи тоҷик Давлатманд Холов, ки чанд рӯз пеш дунёро тарк кард, ҷоизаи “Лавҳи тақдир”-и Эрон тақдим гардид. Ҷоизаро дар Теҳрон, зимни баргузории маросими “Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон” ба намояндагони санъату фарҳанги тоҷик эҳдо карданд.
Қарор буд ин ҷоиза ба Лоиқ Холов, писари Давлатманд Холов тақдим карда шавад, аммо бинобар азодорӣ, ӯ ҳам натавонистааст ба Теҳрон равад. Давлатманд Холов 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.
Маросими “Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон” бо ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи фарҳангии Эко, бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Эрон баргузор шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ирон Пресс” маросими мазкур бо чанд дақиқа сукут барои гиромидошти хотираи Давлатманд Холов шурӯъ шуд.

Баъд аз суханрониҳои Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, навозандаю овозхонҳои машҳури тоҷик барои ҳозирон намунаҳое аз "Шашмақом" ва "Фалак"-ро пешкаш намуданд.
Дар идомаи ин маҳфил наворе аз ҳамкории ҳодравон Давлатманд Холов бо Шаҳроми Нозирӣ, хонандаи саршиноси эронӣ пахш гаридааст.
Дар ин барнома сафирони муқими Теҳрон, ҳунармандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ, сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Ҷоизаи “Лавҳи тақдир” ҳамчун нишон ифтихор ва қадрдонӣ аз заҳматҳо ба шахс ё созмоне эҳдо мешавад.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста