Дар хусуси он ки соли 1925 дар истгоҳи роҳи оҳани Мелниково (Конибодом) аз тарафи сокинони шаҳр ҷамъомаде ташкил шудаву роҳи қатораи раиси ВЦИК М. И. Калинин баста шуд, бисёр навиштаанду боз хоҳанд навишт. Воқеияти ин ҳодисаи таърихӣ чун оина равшан аст. Аммо дар баъзе китобу рисола ва ёдномаҳо он ба гунаи дигар тасвир шудааст. Аз ҷумла, бо гуфтани он, ки “дар рӯзи муқарраршуда 100 нафар савора дар истгоҳи роҳи оҳан ҳозир шуданду конибодомиҳо ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуданд” иқдоми тақдирсози сокинони Конибодомро камранг ҷилва доданӣ мешаванд. Ҳамин гуна майли таҳрифи таърихи як аср пеш, моро водор намуд, ки он воқеаи таърихиро бори дигар ёдовар шавем.
“Ноҳияи Конибодом, ки асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ба як воҳиди мустақил бо тобеияти бевосита ба маркази вилоят, ҷудо карда шавад”, - зикр мешавад дар матни як фармони Кумитаи марказии иҷроияи Ӯзбекистон, ки 15-уми апрели соли 1925 содир шудааст.
Чӣ гуна Ӯзбекистони Шуравӣ бо роҳбарони тоҷиктабор, вале туркгарояш, ба осонӣ домани Конибодомро раҳо карда, ноҳияи алоҳидаи тоҷикнишин ташкил кард? Чаро он вақт масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд ва водии Сурхон рӯйи коғаз монд?
Конибодом, ки аз асрҳои пеш дар ҳайати хонигарии Хӯқанд қарор дошт, баъди аз байн рафтани ин хонигарӣ бо амри Генерал-губернатори Туркистон, соли 1876 ба уезди Исфара тобеъ шуд. Вале соли 1881 уезди Исфара барҳам хӯрд ва Конибодом дубора ба “оғӯш”-и Хӯқанд баргашта, баъди инқилоб ҳам дар тасаллути миллигароёни ин шаҳр монда буд. Сарварони уезд ба тоҷикон чун қавми дуюмдараҷа муносибат мекарданд. Тақсимоти миллию ҳудудии соли 1924 низ барои конибодомиён равшание наовард. Нашрияҳои вақти Ӯзбекистон мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд. Дар тақсимоти ҳудудию миллӣ ба давлати нав пойи тоҷикони кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ расид.
Баҳсҳои ҳайати комиссия хеле аҷиб буданд. Султон Сегизбоеви қазоқ пешниҳод мекард, ки Ӯротеппа ва чор волости дигар ба ҳайати Тоҷикистон шомил шавад, вале Абдулло Раҳимбоеви ҳафт пушташ тоҷик қотеъона исрор мекард, ки Ӯротеппа дар ҳайати Ӯзбекистон бояд бимонад. Раиси зеркомиссияи тоҷикӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев бо хушбоварии тоҷикона изҳор мекард, ки “ҳамроҳшавии тоҷикони Фарғонаро барвақт меҳисобам. Азбаски дар Бухорои Шарқӣ корҳо зиёданд, Тоҷикистон ҳоли ҳозир аз уҳдаи идораи ин минтақа намебарояд”. Ҳоҷибоев дар аввал ба умқи ин фоҷиа сарфаҳм нарафта буд ва баъдтар барои ислоҳи ин хатояш кӯшида, то ҳузури Сталин рафт, вале дар ин роҳ қурбон шуд.
Аммо дар Конибодом оқибати ин фоҷиаро дарк намуданд ва мисли аҳолии Самарқанду Бухоро хомӯш ва муҳр ба лаб зада нанишастанд. Номаи додхоҳии онҳо, ҳамчун аввалин эътироз аз ноадолатии тақсимоти марзию миллӣ 15-уми январи соли 1925 ба Кремл расид. Дар ҳошияи он қайди “заявление трудяшихся Канибадама т.т. Сталину, Зеленскому, Имомову о присоединение этого района в состав Таджикистана” гузошта шудааст. Муаллифони мактуб бо далелҳои қотеъона талаб мекарданд, ки зодгоҳашон ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад.
Аз ҷумла, зикр мешуд, ки забони ӯзбекӣ барояшон бегона аст, мардум дар кӯча каму беш ин забонро донанд ҳам, дар оила бо ин забон гуфтугӯ намекунанд. Чун рӯзномаҳои тоҷикӣ нест, нашрияҳои ӯзбекиро хонда наметавонанд.
Ҳамчунин, коргузорӣ дар ҳама идораҳо ба ӯзбекӣ аст ва ҳатто дар умури маориф забони тоҷикӣ роҳ дода намешавад.
“Ҳукумати Шӯро намегузорад, ки кӯдакони тоҷик ӯзбекӣ таҳсил намоянд, зеро маҷбур кардан ба тадриси ӯзбекӣ ҷиноят аст”, - зикр мешуд дар он мактуб.
Илова бар ин, набудани вакили ин ноҳия дар маҷлиси уезд ва мавриди тамасхури Хӯқанд қарор гирифтани худро низ зикр мекунанд.
“Хулоса, мо аз Шумо, Фирқаи Иштирокиён талаб мекунем, ки ба кадом роҳе, ки бошад, моро ба ҳайати Тоҷикистон шомил намоед”, - талаб мекунанд сокинони Конибодом.
Нусхаи ин аризаро профессор М. Султонов аз бойгонии Ҳизби коммунист ёфтааст.
Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 1925 анҷуман панҷуми ҳизбии вилояти Фарғона баргузор гардид, ки дар он баробари сарварони Ӯзбекистон раиси КИМ СССР Михаил Калинин низ ширкат дошт. Қатораи Калинин дар бозгашт низ Конибодомро бесару садо убур мекард, агар мардуми додхоҳ ба воситаи вакилони худ дар анҷуман аз ин огаҳ намешуданд. Рӯзи 8-уми феврал садҳо нафар пиёдаву савора худро ба истгоҳи Мелниково, дар шашкилометрии Конибодом расониданд.
Дар таърихнигории шӯравии тоҷик ин воқеаро тавре ба қалам додаанд, ки гӯё мардум “Пири умумииттифоқ”-ро бо шиору хушнудӣ ва нидоҳои “Зинда бод!” истиқбол намудаанд. Аммо асли ҳол ин буда, ки мардум пеши қатораро дошта, эътирози худро аз тақсимоти беадолатонаи марзию миллӣ баён намуда, талаб кардаанд, ки ноҳияи онҳо ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. Он вақт Калинин ваъда дода, ки дар ҳалли одилонаи ин мушкил кӯмак хоҳад кард.
Роҳбандии он меҳанпарастон ба тақдири аризаашон беасар намонд. КИМ-и Ӯзбекистон ду моҳ пас қарорро дар бораи таъсиси ноҳияи мухтори тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати Ӯзбекистон содир намуд. Дӯстдори тамаддуни тоҷик Михаил Андреев аз ин ҳодиса ба шавқ омада, ба Александр Болдирев хабар додааст: “Як хушхабари сиёсии маҳаллӣ. Дар Конибодому Исфара мардуми таҳҷоӣ, ки ба масъалаи мансубияти миллӣ бепарво набуданд ва ба туркшавӣ муқобилият мекарданд, ба ҷунбиш омаданд, иншои номаҳои расмиро ба забони дигар манъ карда, дар бораи ноҳияи мухтори миллӣ эълон шудани зодгоҳашон декретро ба даст оварданд”.
Баъди ин дар Конибодом се рӯз сайругашти оммавӣ эълон шуд. Кумитаи иҷроияи ноҳия бо имзои Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадов 7-уми майи соли 1925 қарори №14-и худро содир намуд, ки чунин нуктаҳои ҷолиб дошт:
“Дафтари даромад дар ҷамоатҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Аризаро аҳолӣ ба забони тоҷикӣ нависад, қарорҳои мақомоти болоӣ танҳо ба забони модарӣ – тоҷикӣ шунавонида шавад. Касе, ки ин қарорро иҷро намекунад, дар асоси Қонуни №107 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад”.
Баъдтар, соли 1927 ноҳияи Конибодом зери фишори зиёд аз вилояти Фарғона ҷудо шуда, ба округи Хуҷанд ҳамроҳ гардид.
Ташкили ноҳияи мухтори миллӣ, ки ҳатто вазири корҳои хориҷӣ дошт, дар ҳайати Ӯзбекистон қаҳрамонӣ буд. Сардори вақти милитсияи ноҳия, Комил Ёрматов мегӯяд, “ҳама роҳбарони ҷавону нотарс хун дар ҷӯш будем, романтики якум будан моро роҳнамун буд”.
Аммо ин ҷасорат - то Кремл додхоҳӣ рафтану пеши роҳи қатораи ҳукуматиро гирифтани тоҷикон ба сарони Ӯзбекистони Шӯравӣ хуш наомадааст.
“Ҳис кардам, ки муносибати роҳбарони Ӯзбекистон нисбат ба ман сард шудааст. Рафтори ман ҳамчун ташкилкунандаи мулоқот бо Калинин онҳоро хуш наомадааст”, - гуфтааст Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадов, раиси кумитаи инқолоби ноҳия.
Баъди ду моҳи ин ҳодиса як комиссия аз Самарқанд омада, котиби кумитаи ноҳиявии ВКП (б) Аъзам Надиров ва Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадовро аз вазифа барканор кард.
Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадовро ба Магадан бадарға карданд ва ӯ 31 сол дар зиндон буд. Ӯ пас аз раҳоӣ дар бораи он солҳои пурошӯб китобе ҳам бо номи “Муҳокимаи виҷдон” навишт.
Аъзам Надиров соли 1938 ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Аммо ин сарсупурдагон назди миллат қарзашонро шарофатмандона адо карданд.
Аз ин ноҳияи тоҷикнишини таъсисдодаи ин қаҳрамонон даҳҳо ҷавон ба хориҷ рафтанд, ки академик Комил Тоҷиев, профессорон Ҳилол Карим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муллоҷон Фозилов, Дадоҷон Тоҷиев, асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов аз ҷумлаи онҳо буданд.
Хидмати бузурги онҳо гузоштани санге ба пойдевори Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.
Бо назардошти ин ҳақиқати таърихӣ, пешниҳод мекунем:
- Дар истгоҳи роҳи оҳани Конибодом лавҳаи хотиравӣ гузошта шавад;
- Рӯзи 15-уми апрел (соли 1925), ки нахустин ноҳияи мухтори тоҷикнишини Конибодом ташкил ёфтааст, “Рӯзи шаҳр” эълон гардад.
- Дар арафаи 100-солагии ин воқеаи таърихӣ унвони “Қаҳрамоншаҳр” таъсис ва аввалин шуда ба шаҳри Конибодом эъто шавад.
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
8 сабаби асосии ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста