Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои кишвар аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд.

“Дин ва ҷомеа”, маҳаллаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз қавли муфтии кишвар навиштааст, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.

Абдулқодирзода нигаронӣ кардааст, ки баъзе савдогарон дар моҳи Рамазон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

"Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”, - гуфтааст муфтии Тоҷикистон.

Ӯ аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо кор мекунанд, хоҳиш кардааст, ки дар ин моҳи муборак хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад.

Дар гузашта ҳам Саидмукаррам Абдулқодирзода аз савдоганрон талаб карда буд, ки нархи маҳсулоти ғизоиро дар моҳи Рамазон боло набаранд. Вале тавре дида мешавад, ин талабот на ҳамеша аз ҷониби савдогарон риоя мешавад.

Сокинони Тоҷикистон ҳамасола аз афзоиши нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон шикоят мекунанд. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки бархе савдогарон бо истифода аз ин моҳи муборак нархи масҳулотро боло мебаранд, ки ин хилофи дини ислом аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.