Танҳо дар як ҳафтаи охир (13-19-уми май дар назар аст. -Идора) 1200 муҳоҷири кории тоҷик оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқашон аз сӯи пулиси Русия ва қарорҳои беасоси ихроҷашон аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар ба ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия шикоят кардаанд. Дар ин бора Шӯрои ҷамъиятӣ хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтааст, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.
Ин ниҳоди ҷамъиятӣ гуфтааст, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ҳуқуқшиносони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бинои сафорат қабул ва дар робита ба мушкилашон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
“Дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд”, - гуфтааст Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат.
Ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, даъват кардааст, вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Маскав, кӯчаи 2-юми Тверская- Ямская, хонаи 40\3 муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, ки ин Шӯро як ниҳоди машваратии ҷамъиятӣ буда, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъсис ёфтааст.
Муроҷиати ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳолест, ки дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик кор мекунанд ва пайваста зери фишори мақомоти қудратии Русия қарор доранд.
Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”-и Русия, ки дар он чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд, фишор болои муҳоҷирон ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бештар шуд.
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста