Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабари пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ ба нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркардаро рад намуд ва гуфт, ин асоси воқеӣ надорад.
Бояд гуфт, вақтҳои охир чанде аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтани паёмҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки тибқи он гӯё нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркарда ҳақ доранд аз ин вазорат дар ҳаҷми 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ гиранд, шикоят доштанд. Ба гуфти шаҳрвандон, ба паём пайванде замима шудааст, ки тавассути он гӯё метавон номи худро дар рӯйхати нафароне, ки бояд кӯмакпулӣ гиранд, санҷид.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки хабар оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат ба аҳолӣ асоси воқеӣ надорад.
“Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба ин гуна паёмҳо бовар накунанд ва ба пайванду файлҳои нафари бегона ирсолнамуда ворид нашаванд”, - навишт ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати қаллобӣ тавассути интернет ё паёмҳои телефонӣ нест. Қаблан ҳам қаллобон борҳо бо пешниҳоди кори сердаромад дар хориҷа, ирсоли хабарҳои бардурӯғ, зангҳои фейкӣ аз номи наздикони ҷабрдидагон ва ғайра ба маълумоти шахсӣ, рақами кортҳои бонкӣ ва пули шаҳрвандон соҳиб шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша чунин хабару паёмҳоро рад карда, ба кори дасти қаллобон будани он таъкид кардаанд.
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста