Имсол, сарфи назар аз он ки 1-уми сентябр рӯзи якшанбе аст, соли нави таҳсил дар вақташ – 1-уми сентябр оғоз мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, имсол 1-уми сентябр “Дарси сулҳ” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар яке аз макотиби пойтахт баргузор мегардад.
“Аммо мушаххас кадом мактаб, маълум нест, зеро ифтитоҳи чанд мактаб дар назар аст”, - гуфт манбаи “Азия-Плюс”.
Бояд гуфт, соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара гузаронида, бинои нави ин донишгоҳро расман ифтитоҳ карда буд.
Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш - 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд.
Ба иттилоъи Агентии омори кишвар имсол дар 260 ҳазор хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Аз ин миён 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазори дигарро писарон ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи кишвар, имсол кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум қабул мешаванд.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста