Охири ҳафтаи ҷорӣ, 25‑уми август, дар шаҳри Душанбе “Иди тарбуз ва харбузаву каду” баргузор мешавад.
Дар ин бора бо такя ба Вазорати кишоварзии кишвар АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Ба навишти манбаъ, қарор аст “Иди тарбуз ва харбузаву каду” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт баргузор гардад.
Зикр шудааст, ки дар иди мазкур кишоварзони ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбузаву кадуро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
“Иди тарбуз ва харбузаву каду бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад”, ‑ омадааст дар хабар.
Аз рӯйи нақша – чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ дар ҷашни мазкур тарбуз, харбуза, каду, инчунин хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда низ ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан охири моҳи августи соли 2020 “Иди каду, харбуза ва тарбуз” дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Дар ин ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузоштанд ва дастархони идона аз ин маҳсулот ташкил карданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста