Ҳоло дар Тоҷикистон 21,2 дарсади аҳолӣ ё атрофи 2 миллион нафар камбизоат будаанд. Аммо тамоюли камшавии мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 80 дарсади солҳои 90-ум то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2014-2023) мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 банди фоизӣ, яъне аз 32 дарсад то ба 21,2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст. Тибқи таҳлили охирине, ки Агентии омор дар соли 2019 анҷом додааст, мизони камбизоатӣ дар шаҳр 18,4 дарсад ва дар деҳот 30,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Мизони коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон давоми даҳсолаи охир.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста