Рӯзи 22 ва 23 август дар баъзе аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе роҳҳо баста мешаванд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, рӯзи 22-юми август аз соати 09:00 то соати 14:00 ҳаракати ҳама намуди нақлиёт тавассуи кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ маҳдуд мешавад.

Ҳамчунин, рӯзи 23-юми ҳамин моҳ низ аз соати 11:30 то соати 14:00 роҳҳҳо тавассути хиёбони Рӯдакӣ, Сомонӣ, кӯчаҳои Сино, С.Айнӣ (Садбарг) А.Дониш ва Мастонгулов (Фурудгоҳ) барои воситаҳои нақлиёт баста мешаванд.  

Аз ҳамин сабаб, РВКД дар Душанбе аз ронандагон хостааст, ки таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ карда, тавассути роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳампаҳлу ҳаракат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 22-юми август, Қосимҷомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.