Гаронии арзиш ва сустии суръати Интернет, боло рафтани нархи гӯшт, камбудии барқ, истифода нашудани технологияи нав дар мактабҳо аз мубрамтарин мушкилоти ҷомеа аст, ки зимни нишастҳои матбуотии ахир миёни рӯзноманигорон ва мансабдорони гуногун баҳсҳоро ба миён овард. Ба пурсиши рӯзноманигорон дар бораи сабабу омили мушкил, чанде аз масъулини курсинишин ангушти ишорат ба сӯйи мардум бурданд. Коршиносон сабаби инро ба бехабарӣ аз соҳа ё тарс аз тарки курсӣ рабт медиҳанд.

 

“Айби мардум аст, фарҳанги истифодаи дурусти Интернетро намедонанд”

Дар нишасти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чун ҳамеша баҳси суръати пасти интернету нархи гарони он сар зад. Чанд соли охир ин ниҳод барои сифати пасти Интернет ва гаронии нархи он аз ҷониби рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод мешавад. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду сол пеш (соли 2022) дар паёми солонааш сифати Интернет ва нархи онро интиқод кард.

Аммо дар нишасти Хадамоти алоқа масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки “Интерет дар Тоҷикистон 100 фоиз аст”, аммо “мардум фарҳанги истифодаи дурусти онро намедонад”.

“Мо фарҳанги истифодаи интернетро надорем, ин пӯшида нест. Мардуми мо нозук шудаанд. Онҳо мехоҳанд тугмаро пахш накарда, Интернет ба онҳо ҷавоб диҳад. Мисол, ман тавассути автобус мераваму меоям. Мушоҳида кардам, ки духтарчаҳо “Тик-ток” тамошо мекунанд. Онҳо мафкураашон инро намебардорад, ки интернет барои ҳалли мушкилиҳо аст. Мо бояд интернетро дар ҷойҳои зарурӣ истифода барем”,- гуфт Рафиқҷон Шокиров, сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамот.

Аммо ӯ ҳеҷ куҷое ишора накард, ки масъули ҳалли мушкил Хадамоти алоқа аст ва ӯву ҳамкоронаш маҳз барои ҳалли ин мушкил курсиҳояшонро ишғол кардаанд.

 

Рафиқҷон Шокиров

“Мардум зиёд гӯшт мехӯрад”

Имсол нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт. Айни замон нархи як кило гӯшти гов ва гӯсфанд дар шаҳри Душанбе аз 85 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан арзиши як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд тахминан 80 сомонӣ буд. Ин баҳс дар нишасти чанд вазорату идора низ  садо дод. Якбора гарон шудани нархи гӯштро ин ниҳодҳо ба омилҳои гуногун бастагӣ медоданд, аммо доим таъкид мекарданд, ки аҳолӣ гӯштхару гӯштхӯр шудааст.

Дар  нишасти Вазорати кишоварзӣ сабаби гарон шудани нархи гӯшти говро дар Тоҷикистон ба он рабт доданд, ки аҳолӣ гӯштхӯр шудааст.

Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ гуфт, “аҳолӣ гӯштхӯр шудааст, талаботи аҳолӣ ба гӯшти гову гӯсфанд бештар гаштааст”.

“Имрӯз дар шаҳрҳои кишвар бештар гӯшт истеъмол мешавад, зеро сокинон дастикам ду маротиба дар ошхонаҳо таом мехӯранд, ки бегӯшт нест”, - афзуд Машокир Назарзода.

Ғайр аз ин, номбурда сабаби дигари афзоиш ёфтани талаботи сокинон ба гӯштро ба баргузории тӯю маъракаҳо иртибот дод. Аммо ин гуфтаи муовини вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки қонуни танзим таоми тӯю маъракаҳоро ба танзим медарорад ва нафарони қонунро нақзкунанда ҷарима мешаванд.

 

Нигина Анварӣ ва Машокир Назарзода, муовинони вазири кишоварзӣ

“Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”

Ду сол пеш Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дода буд, ки лоиҳаи қарор дар бораи истифодаи технолгияи нав дар мактабҳоро таҳия мекунад, ки дар асоси он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо иҷозат дода мешавад.

Аммо дар нишасти матбуотии охирини худ Раҳим Саидзода, вазири маориф изҳор дошт, ки  лоиҳа бинобар сабаби норозигии волидон амалӣ нашуд, “зеро ба ақидаи онҳо, планшет таваҷҷуҳи кӯдаконро аз ҷараёни таълим дур мекунад”. Ӯ афзуд, ки аксарият бар ин назаранд, ки хонандагон ба ҷойи дарсхонӣ ба бозӣ машғул мешаванд.

Саидзода ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳатто тамоми дастури таълимии истифодаи технолгияи нав дар сомонаи вазорат ҷойгир шуда буд. Ӯ илова кард, ки ин масъала ҳоло ҳам ҳалношуда боқӣ монда, минбаъд низ баррасӣ мешавад.

 

Раҳим Саидзода

“Барқи тоҷик” ҳам мегӯяд, “лимит”-и барқ айби мардум аст

Масъалаи камбуди барқ аз мушкилоти асосии сокинони кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон боқӣ мемонад. Гоҳе фаслҳои баҳору тобистон низ мушкили “лимит”-и барқ, ки мақомот онро ками андар кам мепазиранд, ба миён меояд. “Барқи тоҷик”-ро солҳои охир бештар барои он интиқод мекунанд, ки барқро ба хориҷ мефурӯшад.

Абдулло Қурбонзода, муовини якуми раиси “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии охир гуфт, таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистонро ба муносибати истеъмолкунандагон нисбат дод.

Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи  ниҳоди мазкур гуфт, дар чунин вазъ, роҳи дурусттаре, ки метавонад камбудии мавсимиро коҳиш диҳад, муносибати эҳтиёткорона ва сарфакорона ба нерӯи барқ мебошад.

Аз ин пештар, Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, ки яке аз сабабҳои ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ ин бештар шудани талаботи аҳолӣ ба барқ аст.

 

Абдулло Қурбонзода

Сарпечӣ аз гуфтаҳои президент?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар низ борҳо таъкид мекунад, ки мақомот ва мансабдорон барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилиҳои мавҷуда вазифадоранд.

Ӯ дар паёми соли 2022 гуфта буд, ки “ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.

 

Бехабарӣ аз соҳа ё тарс аз тарки курсӣ?

Коршиносон мегӯянд, мансабдороне, ки гуноҳро бар сари мардум бор мекунанд, аз соҳаи худ хабар надоранд ва ё аз рафтан аз курсии худ ҳарос доранд.

Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон, ки гуфтору кирдори мансабдоронро пайваста зери заррабин қарор медиҳад, мегӯяд, яке аз сабабҳои аслии муқассири мушкил донистани мардум аз сӯйи баъзе мансабдорон, бехабарӣ аз соҳа ё тарс аз тарки курсӣ кардан аст.

“Вақте ки онҳо мавзӯъро дарк намекунанд, баъд бо ягон баҳона талош мекунанд, ки ҷони худро халос кунанд”, - мегӯяд ӯ.

Хуршед Атовулло

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Хуршед Атовулло дар миёни онҳое, ки ин баҳонаҳоро пеш меоранд, ҳастанд онҳое ҳам, ки мавзӯъро дарк мекунанд, вале онҳо аз уҳдаи рафъи ин мушкилот намебароянд.

“Шахс бозингар таваллуд намешавад, балки вай бо гузашти вақт ба бозингар бадал мешавад. Яъне бо гузашти вақт ин мансабдорон шахси айёр ва бозингар мешаванд. Онҳо асли гапро дуруст медонанд, вале гуноҳро бар сари мардум бор мекунанд. Чунки агар асли гапро гӯянд, бар зарари курсии нишастаашон мешавад”, - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, тибқи қонунҳои кишвар низ рафъи мушкилот ва ёфтани роҳи ҳали онҳо ба зиммаи мансабдорон ва ниҳодҳои масъул аст. Ва барои он давлат ба онҳо ваколат додааст. Дар сурати иҷро накардани ваколатҳои хизматӣ мансабдорон ба ҷавобгарӣ ҳам кашида мешаванд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки баъзе мансабдорони мо ин нуктаро фаромуш кардаандд. Ё ба қавли Лоиқ Шералӣ: “Баҳона чист? Номи халқ!”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.