Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки бақияи қарзи андози ду ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқаи кишвар - Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) “Тоҷиктелеком” ва Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” бахшида шавад.
Қарор дар ин бора рӯзи 20-уми июл содир шуда, нусахаи он дар портали иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.
Сухан дар бораи бақияи қарзи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо меравад, ки то 1-уми январи соли 2024 аз ҳисоби ин ду корхона ба вуҷуд омадаанд.
Ҳамин тавр, қариб 97,5 миллион сомонӣ ($9,2 миллион) бақияи қарзи андози оператори миллии “Тоҷиктелеком” бахшида мешаванд. Аз ин 56,8 миллион сомонӣ андоз ва 40,7 миллион сомонӣ фоизу ҷаримаҳо мебошад.
Ҳаҷми умумии бақия қарзи беэътиборшудаи КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”-и Хадамоти алоқа тақрибан 37,5 миллион сомонӣ ($3,5 миллион)-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 22,4 миллион сомонӣ андозҳо ва 15 миллион сомонӣ барои фоизу ҷаримаҳо мебошад.
Яъне, дар умум, ба буҷети кишвар қариб 135 млн сомонӣ (тахминан 12,7 млн доллар) кам ворид мешавад.
Қобили зикр аст дар Тоҷикистон давра ба давра бо роҳҳои гуногун бақияи қарзи андози корхонаҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба ҳукумат тааллуқ доранд, бахшида мешаванд ё мӯҳлаташон мавқуф гузошта мешавад.
Масалан, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзҳои андозии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ки ягона саҳмдори он ҳукумат аст, дар ҳаҷми $18,5 миллион бахшида шуданд. Ҳамчунин, бақияи қарзи андози ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат тааллуқ дорад, беэътибор дониста шуданд.
Ҳамчунин, қарзҳои ҶСК “Барқи тоҷик”, ки тамоми саҳмияҳои он ба ҳукумат тааллуқ доранд, бахшида мешаванд.
Ҳолатҳое ҳам буданд, ки ҳукумат мӯҳлати пардохти қарзҳои корхонаҳои ба муассисаҳои ҳукуматӣ тааллуқдоштаро мавқуф гузоштааст. Ба чунин корхонаҳо, масалан, ҶСШК “Тоҷиктелеком” дохил мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии оморӣ, даромадҳои ҶСК “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар шӯъбаҳои Хадамоти алоқа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 35,5% афзуда, 124 миллион сомонӣ ($11,6 миллион)-ро ташкил доданд.
Масъалаи бақияи қарзи андоз яке аз мушкилоти соҳа ба ҳисоб меравад.
Қарзи андоз - маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), баҳра ё худ фоизҳои ҳисобшуда ва ҷаримаҳои таъйиншуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шуда, вале дар муҳлати муқарраргардида ба будҷа пардохт нашудаанд.
Яъне соҳибкорон ва ё корхонаву ташкилотҳое, ки саривақт маблағи андоз ва ё ҷаримаҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти андоз татбиқ мегардад, ба будҷа пардохт накунанд, қарзи андоз ба вуҷуд меояд ва ба он гузашти вақт фоизу пеня зам гардида, он афзоиш меёбад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста