Аз соли оянда ҷоизапулӣ барои ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” як баробар зиёд мешавад. Ҳамакнун ғолибони ин се озмун баъди зиёд шудани мукофотпулиҳо чӣ қадар маблағ ба даст меоранд, дар идомаи матлаби мо хонед.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони ин озмунҳоро сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд.
Барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли 2024 аз фонди раисҷумҳур қариб 12,5 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.
Ҷоизапулии “Фурӯғ...” чӣ қадар буд ва чӣ қадар мешавад?
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, дастури раисҷумҳур дар мавриди зиёд шудани маблағи ҷоизавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз соли оянда татбиқ мешавад.
Барои баргузории он дар соли равон 4 млн 570 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 695 000 сомонӣ зиёд аст.
Дар айни ҳол барои ғолибони даври ҷумҳуриявии ин озмун дар ҳар як номина барои ҷойи якум 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Озмун аз рӯйи шаш номина - адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.
Дар чор номинаи он ҳамчунин, барои ба даст овардани Шоҳҷоиза рақобат сурат мегирад. Ҳар кадом аз барандагони шоҳҷоиза соҳиби 70 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.
“Тоҷикистон – Ватани азизи ман”. Ғолибон соли оянда чӣ қадар маблағ мегиранд?
Феълан, онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявӣ дар ҳар панҷ номинаи ин озмун пирӯз шуда, ҷойи аввалро мегиранд, соҳиби 35 ҳазор сомонӣ мешаванд. Иштирокчиёне, ки дар мавқеи дуюм қарор мегиранд, 25 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ҳамчунин, барои ҳар номинаи ин озмун шоҳҷоиза муайянишудааст ва баррандаҳои он 50 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.

Имсол барои гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 млн 785 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Он аз рӯи 5 номина - оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.
Аз “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли оянда чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтан мумкин аст?
Соли ҷорӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 4 млн 85 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Он аз рӯи ҳафт номина - математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Ҳоло барандагони ҷойи якуми он дар ҳар як номина соҳиби 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мегиранд. Гирандаи шоҳҷоиза барои ихтироъкорӣ ва навоварӣ 70 000 сомонӣ ба даст меорад.
Ин се озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни аҳолӣ ҳаводори зиёд доранд ва ҳамасола садҳо нафар дар онҳо ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.
Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст””-ро хонед.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста