Мактаби №15-и ноҳияи Ховалингро ба номи Шуҳрат Наҷмиддинзода, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2022 дар даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон бохта буд, гузоштанд. Дар ин бора волидони Наҷмиддинзода ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ҷамшед Наҷмиддинзода, падари Шуҳрат Наҷмиддинзода дар як тамоси телефонӣ гуфт, мактабе, ки ба номи писараш гузоштанд, навбунёд буда, дар зодгоҳи афсари ҷонбохта деҳаи Дараи Мухтори деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст.
“Ду сол пеш пешниҳод карда буданд, ки мактаби №15 ба номи фарзанди ҷонбохтаи ман гузошта шавад ва ниҳоят масъулин қарори дахлдорро қабул карданд. Баъдан мо бо маблағи худ “банер” (табло)-и ёдгорӣ ва тарҷумаи ҳолашро омода карда, дар мактаб гузоштем”,-гуфт падари Шуҳрат Наҷмиддинзода.
Мактаби навбунёди №15 рӯзи 4-уми сентябр, як рӯз пеш аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон, ифтитоҳ шуд ва дар он раиси вилояти Хатлон, вазири маориф ва илм ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ширкат карданд.

Момагул Мирзоева, модари Шуҳрат Наҷмиддинзода гуфт, хурсанд аст, ки фарзандаш боиси ифтихори насли нави Тоҷикистон мешавад ва аз доштани чунин писар сарфароз аст.
Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз 30-юми июли соли 2023 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25-уми декабри соли 2023 дар бораи номгузории мактаби мазкур ба исми Шуҳратҷон Наҷмиддинзода ба тасвиб расидаанд, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд.
Шуҳратҷон Наҷмиддинзодаи 33-сола зодаи ноҳияи Ховалинг буд ва қабл аз кушта шудан дар симмати муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара фаъолият мекард. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри соли 2022, ҳангоми муқобилият ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ҷони худро аз даст дод. Аз марҳум 1 духтар ятим монд.
Номгузории мактабу кӯчаву хиёбонҳо барои поси хотири қурбониёни низои марзӣ таҷрибаи нав нест. Қаблан, дар шаҳри Исфара 11 мактаб ва 34 кӯчаи дигар ба номи шаҳидони муноқишаҳои марзӣ гузошта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки 24-уми декабри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро имзо кард ва ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шудаанд, мебошад.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста