Ҳоло дар Тоҷикистон 164,6 ҳазор маъюб аст, ки 33,6 ҳазор тани онҳо кӯдакони то 18 сола мебошанд. Миқдори маъюбон нисбат ба 1,5 соли пеш зиёда аз 5 ҳазор нафар ва кӯдакони маъюби то 18-сола қариб 1,5 ҳазор зиёд шудааст.
Аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафарашон маъюб буда, ба 100 ҳазор аҳолӣ 1587 маъюб рост меояд.
Аз миёни кӯдакони то 18-сола аз 125 нафарашон як кас маъюб буда, ба 100 ҳазор кӯдак 801 маъюб рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон навиштааст, ки дар 6 моҳи соли равон аз 17,3 ҳазор нафар, ки барои тасдиқи гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат карданд, 16,7 ҳазор кас ҳамчун маъюб сабт шуданд.
Ин шумора дар ҳамин давраи соли 2023-юм 19,2 ҳазор нафар буд.
Дар ин давра 4 ҳазору 69 нафар аз қатори маъюбон берун карда шудаанд, ки ҳазору 269 нафараш бо сабаби фавт будааст. Ҳамчунин, 125 кӯдак низ аз маъюбӣ хориҷ карда шудаанд.
Ин нашрия маъюбӣ бинобар нуқсони модарзодӣ дар кишварро ташвишовар арзёбӣ кардааст, зеро аз 2 ҳазору 139 кӯдаки маъюб ҳазору 264 нафари онҳо (59%) дорои бемориҳои нуқсони модарзодӣ будаанд.
Аз Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки никоҳи хешутаборӣ яке аз омилҳои маъюбии модарзодӣ мебошад.
“Сабаби дигари маъюбшавӣ таваллуд дар хона аст. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ байни кӯдакони маъюбе, ки ба рӯйхат гирифта шудаанд, 57 ҳолати он бинобар таваллуд дар хона мебошад”, - омадааст дар матлаби рӯзномаи мазкур.
Соли гузашта, ҳаҷми миёнаи нафақа аз рӯи маъюбӣ каму беш аз 320 сомонӣ буд, ки камтарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Имсол, моҳи июл дар баробари баланд шудани маош нафақа аз рӯи маъюбият низ 30% зиёд карда шуд. Маблағи нафақаи маъюбӣ ба гурӯҳи маъюбӣ, ки аз бо ташхиси тиббиву иҷтимоӣ муайян карда мешавад, вобаста аст.
Қаблан як мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар Душанбе ҳангоми сохтани бинои нав, ҳам хусусиву ҳам давлатӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ҳатто истгоҳҳо, имконияти шахсони маъюб на ҳамеша ба назар гирифта мешавад.
Маъюбон дар Душанбе наметавонанд тавассути аробача мустақилона ҳаракат кунанд. Зеро барои ин шароити мувофиқ муҳайё нашудааст.
Дар матлаби мо бо номи “Душанбе барои маъюбон нест. Барои ҳомиладорон ва пиронсолон низ” метавонед ба мушкилоти мазкур шинос шавед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста