Рӯзи 23-юми сентябр дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 94-умин солгарди таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Бо сухани шодбошӣ Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баромад кард. Ӯ аҳамияти ин рӯзро барои шаҳрвандони кишвараш зикр намуда, ёдовар шуд, ки соли 1932 асосгузори шоҳигарӣ, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд қаламравҳои парокандаро муттаҳид намуда, як давлати тавоно таъсис дод.

Ӯ аз муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон тавсиф карда гуфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо бар пояи дустию эҳтироми мутақобилаи роҳбарият ва халқҳои ду кишвар асос ёфта, Арабистони Саудӣ шарики рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
“Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намудааст, то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро бо маблағи 295 миллион доллар дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст”,-зикр кард Абдураҳмон Ар-Решайдон.
Вай ҳамчунин, иттилоъ дод, ки Фонди Саудии Рушд марҳилаи чоруми бинои 34 мактаб дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ва оғози татбиқи марҳилаи панҷуми бинои 19 мактабро ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз кардааст.
Ӯ гуфт, ин фонд барои сохтмони НБО “Роғун” 100 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ моҳи январи 1992 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, моҳи феврали 1992 муносибатҳои дипломатии худро барпо намуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста