Рӯзи 28-уми сентябр дар “Боғи Ирам”-и пойтахт “Иди себ ва ангур” баргузор мегардад. Дар ин бора хабаргузории Ховар дар такя ба Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст.
Ба навишти манбаъ дар иди мазкур кишоварзон аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон навъи гуногуни себу ангурро ба фурӯш мегузоранд.
“...ҳадаф аз баргузории иди себ ва ангур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши себу ангур ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан мебошад”,-омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки дар "Иди себу ангур" намоиши шарбат, афшура ва обмеваҳои аз ин маҳсулот тайёршуда ва гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон низ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2019 дар бораи эълон намудани "Иди ангур ва себ" дар кишвар фармон дода буд, ки мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр иди себ бояд баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар баробари иди мазкур дар Тоҷикистон иди тарбуз, харбузаву каду ва дигар навъи сабзавоту мева ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Имсол рӯзи 25-уми август дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ иди мазкур гузаронида шуд, ки кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва таомҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста