Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе романи "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷикро, ки дар он паҳлeҳои мусбату манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст, ба баҳс мекашанд.
Ин маҳфил рӯзи 28 сентябри соли 2024, соати 15:00 дар "Кохи афсарон" баргузор мегардад.
Дар он мунаққидон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдуманнон Абдураҳмон мавзӯи "Тоҷикистон ва Русия: 100 соли ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ. Бурду бохт" (Андешаҳо дар мавзӯи романи Мирзонасриддин Саидзода)-ро ба баррасӣ мегиранд.
Маҳфили мазкур аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст ва баъди қариб як соли таваққуф дубора баргузор мешавад.
Бояд гуфт, Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷик ахиран романи таърихие бо номи “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)” навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне паҳлуҳои мусбат ва манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст.
Чанде пеш "Азия-Плюс" бо муаллифи асар мусоҳиба баргузор кард, ки дар ин пайванд хонед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста