Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар медиҳад, ки ӯ дар суҳбат бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти ин кишвар ин масъала ва масоили ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, инчунин, табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳоро муҳокима кардааст.
Ду ҷониб, вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули афкор кардаанд.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар дидори бо Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон аҳамияти нерӯгоҳи “Роғун” барои минтақа, раванди пайвастани Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи CASA-1000, инчунин кашондани нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин, бо Муҳаммад Ҳайдарӣ, директори генералии ширкати “Фароб” масъалаҳои марбут ба фаъолити НБО “Сангтӯда-2″ муҳокима кардааст
“Зикр гашт, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба кори боэътимоди неругоҳ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад”, - гуфта мешавад дар хабар.
“Сангтӯда-2″ бо сармояи асосии Эрон сохта шуда, агрегати якуми он соли 2011 ва дуввумаш соли 2014 ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад. Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста