Рӯзҳои 22-24-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Двлатҳои Мустақил (ИДМ), Туркия, Эрон ва Чин иштирок мекунанд ва китобҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки намоишгоҳи байналмилали “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муарифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

“Ҳоло омодагиҳо рафта истодааст ва мо ба кишварҳое, ки мо ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, Туркия, Эрон ва Чин мактуб фиристодаем. Қарор аст то охири ин моҳ онҳо посух диҳанд. Дар намоишгоҳ китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва бачагона , китобҳои энсиклопедӣ ва атласҳо ба намоиш гузошта мешаванд.”,- гуфтанд дар вазорат.

Ҳамчунин, аз ин ниҳод зикр карданд, ки намоишгоҳи мазкур робитаи байни ноширонро қавитар мекунад ва ҳамчунин тарҷумонҳо имкон пайдо мекунанд то китоби хуберо барои ба забони дигар баргардон ё тарҷума кардан интихоб намоянд.

“Бо гуруҳи ноширон ҳамчунин ҳаяти адибон низ меоянд. Масалан, соли қабл ҳаяти адибони Русия дар намоишгоҳ иштирок карда буданд, ки бо адибони мо мулоқоти анҷом шуд”,- гуфтанд дар вазорати фарҳанг.

Намояндагони Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар ғурфа (гӯша)-и худ намунаи китобҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.

Соли 2023 намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонон аз 7 кишвари хориҷа баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ноширони хориҷӣ аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Тукманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.