Имрӯз, 27-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба ин иншоот рафт.
Тавре дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сараввал, кори бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4- и НБО “Роғун”-ро оғоз бахшид.
“Иҷроиши корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад”,- омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсими ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он будааст.

“Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад”,- гуфта шудааст дар хабар.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО “Роғун” шинос шуд.
Ба қавли манбаъ, дар сарбанд то имрӯз насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85%, корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% ва ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ 80% иҷро шудааст.
“Дар минтақаи ядрои сарбанд кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди неругоҳ наздики 400 нафар машғули коранд”,- гуфта шудааст дар хабар.
Ба иттилои хадамоти матбуотӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди нерӯгоҳ ҳудуди 50 сантиметр баланд бардошта мешавад ва имсол сатҳи об дар умум 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1 ҳазору 75 метр баробар шудааст.

Раисҷумҳури кишвар дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри НБО “Роғун” низ бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуд.
Сарбанди мазкур бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, бунёд гардидааст. Корҳои тозакунӣ дар сарбанд бо истифодаи 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва ҷалби 100 мутахассиси маҳаллӣ сурат мегирад.
“Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср - неругоҳи “Роғун” мусоидати фаъол менамояд”,- омадааст дар хабар.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз НБО “Роғун” бо раванди кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуд.
Тавре гуфта шудааст, ки то ин замон иҷрои корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар ин нақбҳо ба анҷом расида, корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунӣ идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои то имрӯз анҷомёфта, баҳои баланд дода, масъулонро ба босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳо ҳидоят кардааст.

“...нақбҳои болоии обгузари № 3 ва №4 пурра канда, бо рӯйпӯши муваққатӣ мустаҳкам карда шуда ва сементрезию мустаҳкамсозии ниҳоии он дар ҳаҷми мтаносибан 30 ва 20 фоиз анҷом дода шудааст”,-омадааст дар хабар.
Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти НБО «Роғун» ба толори мошинҳо ҳам дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки ин чархи корӣ барои иваз намудани чархи кории агрегатҳои мувақатии 5 ва 6 дастрас шудааст ва баъди анҷом ёфтани ин кор тавоноии ҳар яке аз 200 ба 400 мегават баланд бардошта мешавад.
Дар кратери агрегати рақами 4 статори турбина бо вазни умумии 269 тонна, камераи спиралӣ бо вазни умумии 200 тонна насб гардидааст.
Дар идома, президент аз раванди корҳо дар кони рақами 17-и неругоҳи обии «Роғун» боздид кард.
Дар кони рақами 17 маводи гилхок тавассути 8 дастгоҳи муосир ва 3 корхонаи ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” коркард ва захира карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои коркарди гилхок дар 4 қитъаи кони рақами 17 дастгоҳу таҷҳизоти муосир гузошта шудааст, ки тавассути онҳо ин мавод бо андозаҳои 0-20, 0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол карда мешавад.

То ҳол дар кони мазкур 1,5 миллион метри мукааб гилхок коркард ва захира гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуд.
Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидааст.
Дарозии қисмати горизонталии нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-ум 48 ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар нақби мазкур ба масофаи 64 метр оҳанфилизот насб гардида аст, ки 517,4 тоннаро ташкил менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27-уми сентябр ба шаҳри Роғун рафт. Ӯ нахуст, як хатти баландшиддати НБО “Роғун”-ро ба истифода дод.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста