Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон–ватани азизи ман" дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон мукофотпулӣ супорида шуд. 5 нафар барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, ки ба ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан 35 ҳазор сомонӣ, 25 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор сомонӣ дода шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 5-уми октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия доир шуда, 5 нафар барандаи Шоҳҷоизаи озмун гардиданд:
Фурқат Тоиров - номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ
Фархунда Ғайбуллоева - номинатсияи сарояндагӣ
Ҷалолиддин Абдуллоев - номинатсияи навозандагӣ
Муҳаммадшариф Низомзода - номинатсияи санъати тасвирӣ
Нармин Мирзоева - номинатсияи дизайн
Дар ҳар як номинатсия аз рӯйи ҳар жанр вобаста ба синну сол як нафар ҷойи аввал, ду нафар ҷойи дуввум ва ду нафар ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Номи ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро аз ин пайванд хонед.
Дар ин баробар омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмуни мазкур ҷойҳои як, ду ва сеюмро ишғол кардаанд, бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.
Бояд гуфт, ғолибони ин озмун ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат имкони таҳсил дар мактаби олии мусиқӣ (консерватория), коллеҷи мусиқӣ ва мактабҳои миёнаи махсуси мусиқиро ба даст оварда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.
Озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли шашум аст, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ ва дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо арзёбӣ мешавад. Вале аксарият аз он ки оё ин озмун давоми ин солҳо ба ҳадафи худ расид ва оё рисолаташро иҷро мекунад, нигаронӣ доранд.
Имсол ба низомномаи озмуни мазкур чанд навгонӣ ворид гардид.
Аз ҷумла акнун шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору таҳсил доранд, имкони иштирок дар озмуни мазкурро пайдо мекунанд, ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бе супоридани имтиҳон дохил мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми охири хеш дастур дод, ки аз соли оянда мукофотпулии озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Тоҷикистон – ватани азизи ман” як баробар зиёд карда шавад.
Аз соли оянда ғолибони Шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ҳушёрхонаи тиббӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад: ҷараёни қабул ва ёрӣ
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста