Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 6-уми ноябр, дар Кохи Борбади Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия суханронӣ намуд ва сокинони кишварро бо 30-солагии қабули сарқонуни кишвар табрик гуфт.
Ӯ рӯзи қабули конститутсияро санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ номид ва ҳамчунин, оид ба нақши он дар ташаккули низоми давлатдории кишвар, шароити душвори таҳияи ва қабули он, саҳми шаҳрвандон дар қабули он суханронӣ намуд.
“Дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия, ки қариб ду сол идома пайдо кард, мардуми Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархости худро ба комиссия манзур намуданд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, ҳамаи пешниҳодҳои воридшуда аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ таҳлилу баррасӣ гардида, дар раванди таҳияи матни ниҳоии Конститутсия ба эътибор гирифта шуданд.
Таъкид кард, ки “фаъолияти комиссияи конститутсионӣ якмаром набуд” ва “дар баъзе масъалаҳо байни аъзои комиссия баҳсҳои доманадор ба вуҷуд меомаданд, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони гузашта ҳанӯз хеле қавӣ буд”.
Тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ
Нуктаи дигаре, ки раиси ҷумҳур ишора кард, ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия рабт дошт.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Конститутсияи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ такмил дода, ба он тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд.
“Тағйиру иловаҳои соли 1999 дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Ин тағйиру иловаҳо асосан ба ташкил ва фаъолияти парламенти касбӣ дахл дошта, дар натиҷа боби сеюми Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид. Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои соли 1999 сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, он ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар иборат аз ду палата таъсис дода шуд”, - гуфт ӯ.
Дар мавриди тағйиру иловаҳои соли 2003 воридшуда раиси ҷумҳур мушаххасан чизе нагуфт, аммо зикр кард, ки тағйиру иловаҳои соли 2016 қабулшуда ба шакли идоракунии давлат, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ рабт дошт ва хеле муҳим буд.
“Такмили низоми ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судяҳои мақомоти судӣ низ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳимми соли 2016 ба Конститутсия воридгардида мебошанд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар умум, раиси ҷумҳур тағйиру иловаҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи воридгардидаро такмилдиҳандаи мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои он номид ва зикр кард, ки он ба рушди устувори минбаъдаи кишвар мусоидат намуданд.
Ёздаҳ хусусияти хоси Конститутсияи Тоҷикистон
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ёздаҳ хусусияти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр кард:
Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд.
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сеюм, бори нахуст дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат воситаи муҳимтарини ҳимояи конститутсионии сохти давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Чорум, Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Панҷум, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.
Шашум, дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст, яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд.
Ҳафтум, волоияти Конститутсия нисбат ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Яъне Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад.
Ҳаштум, дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт.
Нӯҳум, дар заминаи Конститутсия волоияти қонун, ки муносибати давлатро бо ҷомеа дар асоси эътирофи манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид ва пойдории адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Даҳум, бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд.
Ёздаҳум, дар Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шудани Конститутсияи Тоҷикистон гардидааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста