Давоми чор рӯз, аз 11 то 14-уми ноябр дар Давлати Кувайт Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд.
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пасманзари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт дар оғози моҳи ноябр доир гардид.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Кувайт шоми 11-уми ноябр бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусаввараю лавҳаҳо ва осори мероси таърихӣ ва иҷрои рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ бо иштироки намояндагони расмии ду кишвар, аҳли ҳунар ва мутрибону навозандагон аз Тоҷикистон доир шуд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ то 14-уми ноябр дар толори Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ас-Сабоҳи давлати Кувайт намоишгоҳ идома карда, шомҳои мусиқии классикӣ, рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ намоиш дода шуданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Абдураҳмон ал-Мутайрӣ, вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Кувайт ва бо Муҳаммад ал-Ҷассор, Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти ин кишвар мулоқот намудааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро баррасӣ кардаанд.
Ин бори севум аст, ки дар Давлати Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад. Бори нахуст моҳи апрели соли 2015 бахшида ба 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ва бори дувум соле пас, моҳи марти соли 2016 баргузор гардид.
Дар ин баробар Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 рӯзҳои фарҳангии худро баргузор кард.
Оё имзои худро дар Тоҷикистон тағйир додан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 9 декабри соли 2024
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста