Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ дар синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии “Листопад” соҳиби диплом гардид. Дар ин хусус муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.
Синамоҷашнвораи мазкур аз 1 то 8-уми ноябр дар шаҳри Мински Беларус баргузор гардид.
Филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шудааст, ки дар бораи корнамоии як рӯзноманигор ҳикоят мекунад.
Бояд гуфт, ки ин филм чанде қабл мавриди баҳси коргардонҳо қарор гирифт. Аз ҷумла коргарони тоҷик Некрӯз Ҷалилиён бо нашри як вокуниш дар Фейсбук навишт, ки филми “Дар талоши ҳақиқат”-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён - директори “Тоҷикфилм” филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш “бурида” шудааст.
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ин нуктаро рад карда гуфта буд, ки дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд.
Ба гуфтаи ӯ, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми “Дар талоши ҳақиқат” рӯзи 26-уми январ дар Кохи Наврӯз баргузор гардида буд.
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста