“Тоҷикстандарт” чанд соҳибкор аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳро барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
Дар ин бора Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ дода, менависад, ки тоҷирон дар натиҷаи 771 санҷиш дар давоми сол, ки 764 қонуншиканиро ошкор кард, ҷарима шуданд.
Манбаъ гуфт, дар натиҷаи санҷиш ҳамчунин як миқдор бозичаҳои бачагона, маҳсулоти хӯрока, нӯшокиҳо, ки мӯҳлати истеъмолашон гузашта, ба саломатӣ хатарнок будаанд, нобуд карда шудаанд.
Аз ҷумла, 605,3 кг маҳсулоти хӯрока, 840 дона қандакҳои истеҳсоли Чин, 1271 литр нӯшокиҳо, 2988 дона бозичаҳои кӯдакона, ки дар маҷмуъ арзишашон 36 ҳазору 465 сомониро ташкил медод, нобуд карда шудааст.
Ин ниҳод ба истеъмолкунандагон тавсия додааст, ки ҳангоми хариди маҳсулот ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот ва чиптаи хазинавиро талаб намоянд.
Қаблан, Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” дар ҳисоботи шашмоҳаи худ зимни нишасти матбуотӣ аз ошкор гардидани 708 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ дар 6 моҳ иттилоъ дода буд.
Ӯ гуфта буд, ки дар ин давра 3 ҳазору 895 қонуншиканӣ ошкор ва тоҷирон беш аз 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд.
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста