Солҳои охир истифодаи скутерҳо ва мопедҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, ҳукуматҳои минтақа қоидаҳои ҷадид ҷорӣ мекунанд, то амнияти ҳаракат дар роҳҳо таъмин гардад. Дар ин мақола мо вазъияти ҷорӣ ва тағйироти нави рондани скутеру мопедро дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баррасӣ мекунем.
Ӯзбекистон: аз моҳи март шаҳодатномаи ронандагӣ ҳатмӣ мегардад
Аз 1-уми марти соли 2025 дар Ӯзбекистон идораи мопед ва скутер бе шаҳодатномаи ронандагии категорияи “А” манъ карда мешавад. Дар ин бора Хадамоти бехатарии роҳи Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, мақомот барои бидуни шаҳодатномаи ронандагии категорияи “А” рондани ин навъи дучархаҳо ҷазо, аз ҷумла ҷарима пешбинӣ кардааст.
Ин талабот дар доираи ислоҳоти Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тобистони соли 2024 тасдиқ шуданд, ҷорӣ мегардад. Ҳамзамон, барои скутерҳо ва мопедҳо рақамҳои қайди махсус чорӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, истифодаи ин воситаҳои нақлиёт аз ҷониби соҳибкорони хурд дар Ӯзбекистон маъмул шудааст. Танҳо дар соли 2024 ба ин кишвар ба маблағи 32,3 миллион доллар зиёда аз 211 ҳазор мопед ва скутер ворид карда шуданд.
Қазоқистон ва Қирғизистон: қоидаҳои нав ба муқобили садамаҳо
Дар Қазоқистон ҳам аз моҳи октябри соли 2024 қонуни сабти ҳатмии мопед ва скутерҳо тасдиқ шуд. Ронандагон то 3 апрели соли 2025 муҳлат доранд, то нақлиёти худро ба қайд монанд ва рақамҳои давлатӣ гиранд.
Дар Қирғизистон бошад, дар авохири соли 2024 Раёсати асосии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ рейдҳои васеъмиқёс дар байни ронандагони мотосиклҳо ва скутерҳо гузаронд. Дар ин рейдҳо ронандагоне, ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ надоштанд, ҷарима мешуданд ва нақлиёти онҳо ба таваққуфгоҳҳои махсус фиристода мешуд. Сабаби ин рейдҳо зиёд шудани садамаҳо арзёбӣ шуд.

Вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон низ қоидаҳои нав барои идораи скутерҳо ҷорӣ шудаанд. Ҳукумати кишвар талаб кардааст, ки ҳамаи скутерҳое, ки суръати онҳо аз 40 км/соат зиёд аст ва муҳаррикашон ҳаҷман 50 кубометрро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шаванд. Соҳибони чунин нақлиёт бояд барои онҳо рақами давлатӣ бигиранд.
Ба иттилои БДА, ронандагони бидуни ҳуҷҷат ва сабти ном барои риоя накардани қоидаҳо мутобиқи моддаи 310-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима мешаванд. Ҷарима аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад (1 нишондиҳанда = 75 сомонӣ).
Ҳангоми санҷиш, ронандагони скутер бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
- шаҳодатномаи ронандагӣ;
- шаҳодатномаи сабти ном;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият;
- санади суғуртаи ҳатмии шаҳрвандии нақлиёт.
Дар доираи амалиёти “Скутер”, ки дар вилояти Суғд гузаронида шуд, садҳо скутер сабти ном ва рақамгузорӣ карда шудаанд.
Дар чанд соли охир фаъолияти колорасонӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кардаву чандин ширкатҳо фаъол гардиданд ва аксари онҳо бо скутеру мопедҳо хидматрасонӣ мекунанд.
Дастикам 3 сол пеш “Азия-Плюс” ин масъаларо ба баррасӣ кашида, зарурати гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои ронандагони ин навъи нақлиётро таъкид карда буд. Муфассал метавонед дар ин пайванд мутолиа намоед.
Акнун гуфта метавон, ки бо афзоиши шумораи скутерҳо ва мопедҳо дар Осиёи Марказӣ, қоидаҳои истифодаи онҳо низ сахттар мешаванд. Ҳар як кишвар талош дорад, ки амнияти ҳаракат дар роҳҳоро беҳтар созад ва масъулияти ронандагонро баланд бардорад. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя, риояи ин қоидаҳои нав барои пешгирии садамаҳо ва ҳифзи ҳаёти сокинон ҳатмӣ зикр мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2025
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста