Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент, ки аз 14-уми январ ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуда буд, бори дигар ба таъхир афтод. Санаи парвоз ҳамакнун 19-уми январ муқаррар шудааст.
Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир мебошад.
“Бо сабаби борон ва номусоид будани ҳаво дар самти Панҷакент парвоз бори дигар ба таъхир гузошта шуд. Парвоз рӯзи якшанбе ба нақша гирифта шудаааст”, - гуфтанд дар ин ширкат.
Ёдовар мешавем, ки парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент рӯзи 14-уми январ, соати 9:00 бояд сурат мегирифт, аммо бо сабаби номусоид будани вазъи обу ҳаво ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуд.
Қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки сабаби асосии таъхир, ҳавои номусоид дар масири парвоз будааст.
Намояндаи ин ширкат қаблан гуфта буд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.
Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа ва баръакс низ дар ин муддат давом кардааст.
Ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб низ ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.
Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Дар як сол ба “Телефони боварӣ” барои муҳоҷирон қариб 2 ҳазор муроҷиат ворид шудааст
Бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Оҷонсии иноватсия доданду “Тоҷикистон”-у “Харбуза”-ро то ҳол нафурӯхтаанд
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Даркор аст, аммо талабот нест. Чаро дар Тоҷикистон истифода аз барқи офтобӣ маъмул нест?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста