Аз 17 то 20-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши шадиди барфу борон пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар (КҲФ) иттилоъ дода гуфтааст, ки эҳтимоли пастшавии ногаҳонии ҳарорати ҳаво ва фаромадани тормеғ (туман) дар минтақаҳо ва Душанбе вуҷуд дорад.
Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳии Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ то -10º, дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе то -2º сард шуда, дар баъзе манотиқи ВМКБ аз -13º то -42º сард пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, шаҳрвандонро аз хатари сангрезӣ, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор ва Душанбе-Хоруғ ҳушдор додааст.
Ба ин далел, КҲФ аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин ба ронандагон таъкид карда шудааст, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз карда, пеш аз сафар ҳолати техникии нақлиёти худро бисанҷанд ва дар доруқуттии худ доруҳои заруриро дошта бошанд.
Аз сокинони навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ даъват карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, қаблан дар асари номусоидии ҳаво ва фаромадани тарма ҳолатҳои фоҷиавӣ дар кишвар зиёд буданд. Аз ҷумла, 20-уми ноябри соли 2024 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар пайи фаромадани тарма як нафар ҷон бохта, ду тани дигар захмӣ шуданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2025
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста