Ҳамаи 200 нафар дирӯз, 21-уми март асосан аз зиндонҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон озод шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки аз ин шумора 53 нафар зан ва 147 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудагон 27 нафар ноболиғ ҳам буданд.
Аз ҷумла:
- аз Муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии ноҳияи Ёвон) 98 нафар;
- аз Муассисаи ислоҳии 3/4 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 22 нафар;
- аз Муассисаи ислоҳии 3/8 (занона дар шаҳри Норак) 53 нафар;
- аз Муассисаи тарбиявии 3/12 (ноболиғон) 27 нафар озод шуданд.
Ба навиштаи манбаъ, аз Муассисаи ислоҳии 3/4-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчунин 237 зиндонӣ марҳила ба марҳила озод мегарданд.
Номи зиндониҳое, ки раҳо шудаанду мешаванд, маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ аз қавли Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, навишт, ки рӯйхатро комиссияи ҳукуматӣ тартиб додааст ва онро ба зудӣ дастрасу нашр мекунанд.
"Рӯйхат дар дасти ҳукумат аст. Дар онҷо занҳо бисёранд. Як қисмаш имрӯз баромад. Махсусан онҳое, ки дар муассисаи ислоҳӣ кӯдак доранд. Авф хуб аст. Ман ҷонибдори авф ва бахшидани гуноҳ астам," – афзудааст ӯ.
Мансурҷон Умаров дар мавриди эҳтимоли раҳоии баъзе аз хабарнигорон ва фаъолону сиёсатмадорони зиндонӣ посух надода, гуфтааст, ки беҳтар аст, мунтазири нашри рӯйхат бимонем.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта, 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод мешаванд.
Бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.
Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста