Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русияр 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд. Дар ин бора Владимир Василев, раиси фраксияи “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ хабар додааст.
“Мо барои супоридани имтиҳонҳо (аз ҷониби хориҷиён) 2,5 миллиард пули иловагӣ гирифтем. 2,5 миллиард ба хазина ворид шуд, ки (қаблан) ба фасод мерафт”, - гуфтааст ин вакили парлумон.
Ӯ таъйид кардааст, ки дар низоми муҳоҷират дар Русия фасод ҷой дорад ва ба гуфтаи ӯ "бемории бузургтарин дар муҳоҷират нест, балки дар қисми ҷиноии он аст. Мо бояд бо ин (фасод дар муҳоҷират) мубориза барем”.
Тибқи муқаррароти Русия, муҳоҷирон барои дарёфти ҳуқуқи кор ва иқомат дар ин кишвар бояд аз имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Барои ин чанде пеш нархи ягона муқаррар шуд.
Ҳамин тариқ, арзиши як имтиҳон барои иҷозаи кор ё гирифтани патент 3 ҳазору 800 рубл муқарар шуда, барои гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл ва барои онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд, нархи имтиҳон 5 ҳазору 900 рубл аст.
Ин хабар дар пасманзари талошҳои давомдори ҳукумати Русия барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират садо медиҳад. Танҳо дар як соли охир беш аз 10 қонуну тағйирот қабул гардид, ки будубош, кор ва муддати иқомати муҳоҷирон дар Русияро душвортар кард.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста