ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 19 АПРЕЛ
- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов намоишномаи “Сандуқчаи сеҳрнок”-и Б.Баракаева аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ўзбекии драмавӣ-мусиқии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен ба намоиш гузошта мешавад.
- Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ”-и Ш.Қурбонмуҳаммад аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба саҳна гузошта мешавад.
- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ (ошёнаи 2) намоишномаи “Пир во время чумы”-и Х.Мустафоев аз ҷониби Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский намоиш дода мешавад.
- Дар маҷмааи “Истиқлол”-и пойтахт бахшида ба 100-солагии шаҳри Душанбе намоиши аксҳои Душанбе идома дорад. Он 16 апрел оғоз гардид ва дар он 100 акси Дидор Саъдуллоев, аксбардори маъруфи тоҷик, ки мавзеъҳои гуногуни пойтахт инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Намоиши аксҳо имрӯз ба анҷом мерасад.
- Барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт, имрӯз, соати 13:00 дар “Кохи Суруш” баргузор мешаванд. То оғози консерт дар ҳамин кох, маросими супурдани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, аз ҷумла, "Беморхонаи сол”, “Табиби сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” ва ғайра доир мегардад.
Ҳамчунин, дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт имрӯз шоми фарҳангии идона ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд.
Аз ҷумла, имрӯз Ниммарафони анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Марафон ба масофаи 21 км 97,5 м аз роҳи назди “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар майдони “Дӯстӣ” ба охир мерасад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 АПРЕЛ
Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҷашн гирифта мешавад. Имсол он ба рӯзи 19 апрел рост омад.
Соли 2012 – Дар вилояти Суғд нисбати 34 нафар, ки ба Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) алоқаманд буданд, ҳукм содир шуд. Додгоҳ аъзои гурӯҳро аз 8 то 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон хати махсуси телефонӣ таҳти рақами 19-19 барои тамос бо тамоми шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2017 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб гардид.
Соли 2017 – “Феҳристи номҳои миллӣ” нашр гардид, ки номҳои иҷозашударо барои номгузории кӯдакон муайян мекунад.
Соли 2018 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он “Фонди Пешвои миллат” таъсис ёфт. Ин фонд бо мақсади дастгирии барномаҳои иҷтимоии кишвар ва дастгирии лоиҳаҳои муҳим таъсис ёфта буд.
Соли 2018 – Парлумони Тоҷикистон шартномаи таъйини баъзе қитъаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро якдилона тасдиқ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Мавлуди Давлатҷон Муқимов, сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1950 – Зодрӯзи Дӯстмурод Алиев, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Дӯстмурод Алиев хатмкардаи Институти давлатии санъати Тоҷикистон буда, аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод будааст.
Дӯстмурод Алиев муаллифи зиёда аз 60 суруду тарона аст. Асоси эҷоди ӯро мавзӯъҳои васфи ватану меҳнат ва тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ташкил медиҳанд.
Дӯстмурод Алиев дар айни камолоти ҳунарӣ 19 апрели соли 1989 дар синни 39-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.
Пиромуни рӯзгору эҷоди Дӯстмурод Алиев дар матлаби “Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ...” Ёде аз овозхон Дӯстмурод Алиев мутолиа кунед.
Соли 1961 – Ғуломҳайдар Ғуломалиев, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1933 дар ноҳияи Рӯшон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намудааст. Ӯ як муддат овозхони Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, баъдан то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл будааст.
Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузоштааст. Маъруфтарин оҳангҳои эҷодкардаи ӯ “Нола кунам”, “Салом аз Бадахшон”, “Маҳбуба”, “Ба деҳа”, “Баҳори Бадахшон” мебошанд. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.
Соли 1962 – Зодрӯзи Зайналобуддин Кобулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор.

Ӯ солҳои 2003—2004 муовини ректор дар умури таълим ва тарбияи Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон (баъдан бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ як карда шуд) буд. Солҳои 2005—2006 дар вазифаи директори Китобхонаи давлатии патентию зеҳнии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҳамин солҳо рисолаи докторияшро ҳам дифоъ мекунад.
Соли 2007 вазифаи декани факултаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникоро дошт ва солҳои 2007—2009 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ»-и шаҳри Душанбе буд.
Соли 2009 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайин карданд, ки то соли 2020 дар ин мақом кор кард Баъдан то лаҳзаҳои охири умр мудири Озмоишгоҳи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии пажӯҳишгоҳи мазкур буд.
Кобулӣ аз зумраи яке аз коршиносони варзидаи Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.
Зайналобуддин Кобулӣ 20 феврали соли 2022 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе, дар 60-солагӣ даргузашт.
Соли 1966-Зодрӯзи Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва номзади илмҳои ҳуқуқ, муовини зиндонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст. Зинаи аспирантураро дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ хондааст (1998-2002). Чанд сол мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 120 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.
Бо ин вуҷуд, борҳо аз он шикоят кардааст, ки бо доштани таҷриба ва дониш, ба хотири мавқеи сиёсиаш дар ҳеч донишгоҳ ба кор пазируфта намешавад.
Ӯ фаъолияти назарраси сиёсӣ ҳам дошт ва солҳо боз муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Дар интихоботҳои солҳои 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом номзад ба Маҷлиси намояндагон буд. Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дувум кашонад, аммо Кумитаи марказии интихобот Насрулло Маҳмудзода, номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократиро баранда эълом кард.
Шокирҷон Ҳакимов ҳамзамон, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар робита ба масоили гуногун назару андешаҳои худро ҳаддиақал то 6 ссол пеш иброз медошт. Ҳоло дар зиндон аст.
Мақомот 6 моҳ пеш дар доираи "парвандаи табадуллот" ӯро боздошт ва бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ 18 сол равонаи зиндон карданд. Худаш ва наздиконаш ҳеҷ гоҳ иттиҳомро напазируфтаанд ва таъкид мекунанд, ки ӯ барои изҳори назарҳояш маҳкум шуд.
Соли 1970- Зодрӯзи Манижа Қурбонова, рӯзноманигори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
19 апрели соли 1943 дар геттои Варшава (Лаҳистон) шӯриши мусаллаҳонае аз ҷониби маҳбусони яҳудӣ оғоз ёфт, ки бар зидди неруҳои фашистии Олмон нигаронида шуда буд. Ин шӯриш нахустин ва бузургтарин шӯриши мусаллаҳонаи яҳудиён дар давраи Ҳолокост ба ҳисоб меравад. Яҳудиён бо силоҳҳои кам, аммо иродаи қавӣ, дар муҳосира ва зери ҳамлаи артиши Олмон то 16 майи соли 1943 муқовимат карданд. Пас аз саркӯб кардани шӯриш, фашистон гетторо пурра нобуд карданд ва зиндамондагонро ба лагерҳои консентратсионӣ, асосан ба Треблинка, фиристоданд.

19 апрели соли 1970 аввалин мошини ВАЗ-2101 (Заводи автомобилбарории Волжск) аз хати истеҳсолӣ дар шаҳри Толятти (СССР) баромад. Номи ғайрирасмии он дар байни мардум “копейка” буд, зеро рақами “01” онро ба тангаи 1 копейка шабеҳ мекард. Он яке аз мошинҳои боэътимод, устувор ва оммавии давраи худ ба ҳисоб мерафт.

Мошин аз соли 1970 то 1984 истеҳсол мешуд ва дар маҷмӯъ беш аз 2,7 миллион адад истеҳсол шудааст.
19 апрел ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи гули бойчечак ҷашн гирифта мешавад. Ганчанде ин ҷашн дар ҷадвалҳои расмии рӯзҳои байналмилалӣ сабт нашудааст, дар бархе кишварҳои Аврупо, махсусан Британияи Кабир ва Олмон, гули барфӣ ҳамчун рамзи оғози баҳор қадрдонӣ мешавад. Ин гул дар баъзе фарҳангҳо рамзи баҳор дониста мешавад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4+9º гарм то 0+2º гарм, рӯзона 7+12º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбӣ борон ва дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 2+4º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, борон меборад. Эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста