ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 21 АПРЕЛ
- Имрӯз, соати 13:00 дар доираи фестивал-озмуни “Парасту-2025” мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо дар нишасте бо номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мубодила мекунанд.
- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту–2025” доир мешавад.
Ҷашнвораи “Парасту-2025” рӯзи 14 апрел оғоз гардид ва дар он тамоми театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои беҳтарини ду соли охир таҳиянамудаи худро ба саҳна гузоштанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 АПРЕЛ
Соли 1936 – Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.
Соли 1997 – Бо мақсади тақвияти мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон, фармони президент “Дар бораи чораҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм” ба имзо расид.
Соли 2005 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” оғоз гардид. Ин нерӯгоҳ 31-уми июли соли 2009 расман ба истифода дода шуд.
Соли 2013 – Дар шаҳри Душанбе нахустин ҷашнвора-намоиши мошинҳои нодири коллексионӣ бо номи “Авто ретро Душанбе” доир шуд. Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор шуда, дар он зиёда аз 70 мошин ва мотосикли нодири солҳои 1931-1970 ба намоиш гузошта шуданд.
Соли 2020 – Низоми пардохтии “BLIZKO” фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Литсензияи фаъолияти ин низом, ки ба Бонки байниминтақавии алоқа ва рушди иттилоотӣ дода шуда буд, бо дархости хаттӣ бекор гардид. “BLIZKO” як низоми пардохтии байналмилалӣ буд, ки тавассути он интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб имконпазир буд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Мавлуди Баҳодур Миралибеков, ҳунарпеша ва коргардони театр.

Баҳодур Миралибеков баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Ӯ намоишномаҳои зиёди мондагор офаридааст. Аз ҷумла намошномаҳои “Ғуруби аҷам”, “Кабки қафас”, “Сайхуни мафтуншуда”, “Куруш ва Томирис” аз ин қабиланд. Ӯ дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои “Шабпаракҳои озод”, “Бедонаҳо”, “Соҳибаи меҳмонхона”, “Тахайюли бешагӣ”, “Шаби охирини Суқрот”, “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин”, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ “Отелло”, “Амир Исмоил”, “Шоҳ Носири Хусрав”-ро ба саҳна гузошт.
Дар синамо бошад, дар филмҳои “Садои суруди рӯи барф”, “Ашк ва шамшер”, “Ҷанҷолҳои хурди шаҳри калон” нақш офаридааст.
Соли 2015 – Бахтиёр Худойназаров, коргардони саршиноси тоҷик дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт.

Бахтиёр Худойназаров фаъоляити кориашро соли 1983 ба ҳайси рӯзноманигори радио ва телевизион оғоз намуда, баъдан, дар киностудияи “Тоҷикфилм” ҳамчун ассистент ва коргардон фаъолият кардааст. Аввалин филми офаридаи ӯ ба ҳайси коргардон “Бародар” ном дорад.
Ҳамчунин, филмҳои “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ”, “Дар интизории баҳр”, Танкер “Танго”, “Набераи Гагарин”, “Шик” аз ҷумлаи беҳтарин филмҳои офаридаи ин коргардонанд.
Охирин филми ӯ силсилаи (сериали) телевизионии “Гетераҳои майор Соколов” (“Гетеры майора Соколова”) аст. Бахтиёр Худойназаров солҳои охир дар Маскав ва Берлин истиқомат мекард. Баъд аз бемории вазнин 21-уми апрели соли 2015 дар Берлин вафот кард.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии эҷодкорӣ ва фаъолиятҳои навоварона таҷлил мегардад. Ташкилкунандагони ин рӯз онро ба Рӯзи байналмилалии замин, ки ҳар сол 22-юми апрел ҷашн гирифта мешавад ва инчунин ба зодрӯзи олим, мутафаккир ва ихтироъкори бузург Леонардо да Винчи, ки 15 апрел аст, марбут медонанд.

21 апрели соли 1972 киштии кайҳонии амрикоии “Аполлон-16” ба моҳ фуруд омад. Ин дуюмин (пас аз “Аполлон-15”) ва нахустин фуруди илмии киштӣ дар минтақаи кӯҳи Моҳа буд. Дар ҳамин рӯз, шахсе дар либоси сафеди кайҳонӣ аз зинаҳои модули моҳии “Орион” поён фаромад. Ин шахс Ҷон Янг (John Young), фармондеҳи “Аполлон-16” буд. Гирду атрофи капсулаи моҳӣ бо қабати хок пӯшонида шуда буд. Баъди ӯ, Чарлз Дюк (Charlie Duke) низ поён омад, вале ногоҳ як дастгоҳро афтонд, ки боиси бархостани чангу ғубори зиёд шуд, гӯё ки бомба таркида бошад.

Киштии “Аполлон-16” се рӯз дар моҳ қарор дошт. Экипаж рӯзи 27 апрели соли 1972 ба Замин баргашт.
21 апрел Рӯзи байналмилалии кулчақанд (пряник) аст. Номи “пряник” аз калимаи “пряжение” гирифта шудааст, ки ба усули тайёр кардани он дахл дорад.

Ҳамчунин, 21 апрел Рӯзи чемоданҳо (ҷомадонҳо) низ таҷлил мешавад. Ин ҳамсафари содиқи ҳар як мусофир на ҳамеша чунин шакл дошт. Чемодани аввал дар асри 19 пайдо шудааст.
Пайдоиши чемодан аз сандуқи сафарӣ маншаъ гирифтааст. Онро одатан аз чӯбҳои гаронбаҳо, чун санавбар ё дуб месохтанд, бо тасмаҳои металлӣ қавӣ карда, бо мехҳои зебо ва қулфҳо оро медоданд. Аз намуди зоҳирии сандуқ маълум мешуд, ки соҳибаш ба кадом ҷойҳо сафар кардааст. Дар ҷараёни сафар ба он нишонаҳо ва тамғаҳои киштиҳо часпонда мешуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 6+11º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона аз 7+12º гарм то 15+20º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метар аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 12+14º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста