ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 АПРЕЛ
Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд.
Соли 1957 – Аввалин Нерӯгоҳи барқию гармидиҳии (ТЭЦ) Душанбе ба фаъолият оғоз кард. Ин нерӯгоҳ яке аз аввалин ва муҳимтарин манбаъҳои таъмини нерӯи барқ ва гармидиҳӣ барои пойтахти Тоҷикистон буд.
Соли 2017 – Дар Душанбе нахустин мусобиқаи бокси занона бо шиори “Баробар бо мардони қавӣ” баргузор шуд.
Соли 2020 – Парлумон муроҷиати ҳукуматро барои ҷалби маблағ ба хотири пӯшонидани касри буҷаи давлатӣ тасдиқ намуд. Муроҷиат дар асоси ҳолати иқтисодии кишвар ва зарурати пӯшонидани хисороти буҷет дар пайи таъсири пандемияи COVID-19 ва дигар омилҳои иқтисодии пешомада қабул шуд.
Соли 2020 – Сокинони ВМКБ аз ҳукуматҳои маҳаллӣ талаб карданд, ки аз болоравии нархи маводи хӯрока ҷилавгирӣ кунанд.
Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйир иловаҳо ба қонун “Дар бораи литсензиядиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолият” қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, арзиши литсензия барои тотализаторҳо, ломбарду букмекерҳо ва бозии лото афзоиш ёфт.
Соли 2020 – Парлумон созишномаи Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Помир Энерҷӣ”-ро оид ба кӯмаки бебозгашт ба маблағи 25,2 миллион доллар барои барқрасонии деҳот дар ВМКБ тасдиқ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Мавлуди Нуралӣ Айюбӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.
Соли 1947 – Зодрӯзи Абдураҳмон Тошматов, оҳангсози тоҷик.

Абдураҳмон Тошматов cоли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизро хатм намуда, соли 1969 таҳсилотро дар Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ ба итмом расонидааст.
Яке аз аввалин асарҳои ӯ Пийеса барои ғиҷҷак ва фортепиано мебошад. Ӯ минбаъд дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар ин давра А.Тошматов қариб 30 асар барои оркестри созҳои миллӣ эҷод кардааст.
Соли 1974 А.Тошматов роҳбари бадеии Театри мусиқии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин мегардад. Баъдан дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба фаъолият пардохта, як муддат муовини директор оид ба илм будааст.
Самти асосии эҷодиёти Тошматов мусиқӣ барои оркестри созҳои миллӣ, асарҳо барои хор, мусиқии камеравии вокалӣ ва созӣ, асарҳо барои бачагон мебошад.
Соли 1948 – Мавлуди Абдусамад Самиев, фалсафашинос, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Соли 1957 – Зодрӯзи Сурайё Қосимова, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Сурайё Қосимова аз соли 1970 дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода фаъолият дошта, аз соли 2004 роҳбари ансамбли “Фалак”-и назди идораи фарҳанги вилояти Хатлон будааст. Ӯ бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа, сурудҳои тӯёна месарояд. Сурайё Қосимова бо сурудҳои “Ба ман ояд”, “Бахтномаи мо”, “Ватан”, “Медонам”, “Дидори ёр” байни халқ маъруф гардидааст.
Ӯ дар як қатор намоишномаҳо ва як филм "Бозгашт" низ нақш бозидааст.
Сурайё Қосимова модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, ду овозхони шинохтаи Тоҷикистон мебошад.
Соли 1957 – Мавлуди Шариф Самӣ, ходими давлатии тоҷик, Раиси пешини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Соли 1950 – Зодрӯзи Рустам Болтаев,соҳибкори тоҷик, муассис ва роҳбари ҶСК “Оби Зулол”.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 22 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад. Ин ид дар ҷаласаи 63-юми Маҷмааи Умумии СММ дар соли 2009 таъсис ёфтааст. Ин рӯзи байналмилалӣ аҳамияти барқарорсозии мувозинати одилона байни ниёзҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъкид мекунад.

Соли 1370 сохтмони қалъаи Бастилия оғоз ёфт, ки бояд Порисро аз ҳамлаҳои англисҳо муҳофизат мекард. Ин қалъа як бинои мураббаъ бо ҳашт бурҷи беш аз 30-метра буд, ки бо деворҳо пайваст буданд. Онро хандақ ва девори дигари муҳофизатӣ иҳота мекарданд. Дар асри XVII, дар давраи кардинал Ришеле, он ба зиндони давлатӣ табдил ёфт.

Дар оғози Инқилоби Фаронса Бастилия аз ҷониби инқилобчиён ишғол ва баъдан хароб карда шуд. Ҳоло дар ҷойи он Майдони Бастилия – маркази ҳамроҳшавии кӯчаҳо ва хиёбонҳо бо зеристгоҳи метро ва Театри операи Порис ҷойгир аст. Дар маркази майдон Сутуни Июл, ёдгории қурбониёни мубориза барои озодӣ қомат афрохтааст.
Имрӯз ҳамчунин, рӯзи таваллуди Владимир Илич Улянов (Ленин-тахаллуси ҳизбӣ ва адабӣ) - доҳии проелетариати ҷаҳон, арбоби сиёӣ ва давлатӣ, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати байналхалқии коммунистӣ. Ӯ 22 апрели соли 1870 дар Симбирск (ҳоло Улянов) ба дунё омадааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста