Дирӯз, 21-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.
Дар бариқияи президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мешавад, ки “марҳум бо фаъолияти доманадори худ ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд”.
“Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем”, - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар идома аз мулоқоташ бо Франсиск, ки соли гузашта дар Ватикан сурат гирифт, ёдоварӣ шуда, гуфтааст, ки “мехоҳам аз саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас ёдовар шавам”.
"Дар робита ба ин мусибати гарон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва пайравони калисои католикӣ баён менамоям", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон
Попи Рум Франсиск, роҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанд вақти охир аз бемории роҳҳои нафас ранҷ мекашд, дирӯз дар 88-солагӣ дар қароргоҳи худ Каса-Санта-Мартаи Ватикан аз олам даргузашт.
Ӯ як рӯз пеш аз маргаш дар иди Пасха ба маҳзари ом баромад ва онҳое, ки барои таҷлили ид ҷашн омада буданд, табрик гуфт.
Расман сабаби марги ӯ сактаи мағзӣ гуфта мешавад.
Номи аслии попи Рум Хорхе Марио Берголо буд. Ӯ 17-уми декабри соли 1936 дар Буэнос-Айреси Аргентина ба дунё омадааст. Франсиск пас аз истеъфои поп Бенедикти 16-ум дар моҳи марти соли 2013 попи калисои католикӣ интихоб шуда буд.
Ӯ бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши таҳаммулпазирӣ машҳур буд.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста