ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 АПРЕЛ

Соли 1973 – Дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон оркестри камеравӣ таъсис ёфт.

Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон фармони гузариш ба лампаҳои каммасрафи барқиро имзо кард, ки мувофиқи он аз 1- уми майи ҳамон сол дар саросари ҷумҳурӣ гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 2013 – Бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхт.

Соли 2018 – Собиқ раиси “Тоҷпромбанк” Ҷамшед Зиёев боздошт шуд. Нисбат ба ӯ аз рӯи моддаҳои 245 (тасарруфи амвол) ва 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз гардид.

Соли 2019 – Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) интихоб гардид.

Соли 2019 – Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бори панҷум қаҳрамони Осиё шуд. 

Соли 2020 – “Амонатбонк” барои ҷалби пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, депозити махсус ба роҳ монд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Шумқор Одинабеков, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Шумқор Одинабеков

Шумқор Одинабеков дар ҳайати Театри халқии вилояти Ғарм истеъдодашро сайқал додааст. Солҳои 1956-1985 сароянда ва мутриби ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Одинабеков санъати мусиқии тоҷикони кӯҳистони Дарвозу Раштро ҳамчун шогирди Акашариф Ҷӯраев бою рангин гардонидааст. Ӯ сурудҳои эҷодкардаи А. Ҷӯраев – “Ташниз”, “Дарахти дӯстӣ”, “Намепурсад ҳеч”, “Мегирист”, “Бахти ман”-ро хеле дилчасп иҷро кардааст.

Соли 1934 – Мавлуди Абдуссалом Атобоев, нависанда ва драматурги тоҷик.

Соли 1955 – Зодрӯзи Шарифбек Азизӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 1962 – Мавлуди Фозил Абдурашидов, доктори илмҳои таърих.

Соли 1987 – Зодрӯзи Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

Муҳиддин Музаффар

Муҳиддини Музаффар соли 2009 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва якчанд курсҳои коргардониро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба ҳайси ҳунарпеша оғоз карда, солҳои 2013-2016 саркоргардони театри мазкур будааст. Соли 2015 Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”-ро таъсис дода, аз ҳамон сол инҷониб директори он мебошад.

Дар театр намоишномаҳои “Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманиши дар кӯшки гардон”, “Модар-Ватан”, “Инопланетянинҳо дар замин”, “Модар ман зан мегирам”, “Хонуми боистеъдод”, “Қорӣ-ишкамба”-ро ба саҳна гузоштааст.

“Ормонҳо”, “Паймон”, “Коса”, “12 соли интизорӣ”, “Тангно”, “Сайёра ранг иваз мекунад”, “Аз миллион яке”, “Пайроҳаи мураббӣ” ва “Дов”аз филмҳои маъруфи ӯ дар синамои тоҷиканд. Ҷоизадори даҳҳо озмунҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии бисёрҷониба ва дипломатия ба хотири сулҳ мебошад, ки бо қатъномаи Маҷмааи умумии СММ таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз он тарғиби ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли муноқишаҳо ба таври осоишта аст.


24 апрел инчунин Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии ҷавонон аст, ки таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва расонаҳоро ба мушкилоти ҷавонон ҷалб менамояд. Ин рӯз бори аввал соли 1957 таҷлил шуда, ба иҷлосияи хотимавии Конфронси Бандунг (1955) бахшида шудааст.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳайвоноти озмоишӣ аст. Ин рӯз соли 1979 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии зидди таҷрибаҳои дардовар ба ҳайвонот таъсис ёфта, аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст.


Аз ҷумлаи ҳайвоноте, ки бештар дар таҷрибаҳо истифода мешаванд, мушҳо, харгӯшҳо, маймунҳо ва сагҳо мебошанд. Ҳар сол садҳо намояндаи ин навъҳо дар лабораторияҳо талаф меёбанд. Ҳайвонот инчунин дар омӯхтани донишҷӯёни тиб ва байторӣ истифода мешаванд.

Имрӯз инчунин Рӯзи пайдоиши оби газдор аст. 24 апрели соли 1833 дар ИМА оби газдор ба таври расмӣ патент карда шуд. Ин ихтироъ ба кимиёшинос, диншинос ва файласуфи англис Ҷозеф Пристли тааллуқ дорад, ки як хосияти диоксиди карбонро кашф намуд ва ба шарофати он имкони истеҳсоли оби газдор пайдо шуд.


24 апрели соли 1800 Китобхонаи Конгресси ИМА таъсис ёфт. Аввал он чун шӯъбаи иттилоотӣ барои қонунгузорон таъсис дода шуд, вале баъдан ба як муассисаи сатҳи давлатӣ табдил ёфт.

Имрӯз ин Китобхонаи миллии ИМА буда, ҳамчун маркази пурқудрати библиографӣ ва Агентии ҳуқуқи муаллифии Амрико фаъолият мекунад. Он дар Вашингтон, дар Капитол Ҳилл ҷойгир аст. Масоҳати он 265 000 метри мураббаъро дар бар мегирад, тӯли рафҳояш 865,5 километр аст. Дар толори асосии он, ки баландии он аз фарш то гумбаз 50 метрро ташкил медиҳад, беш аз 45 000 китоби маълумотӣ ва ҷой барои 250 хонанда мавҷуд аст.


Дар маҷмӯъ, фонди китобхона зиёда аз 120 миллион китобу маҷалла, 12 миллион акс, тақрибан 5 миллион харитаи географӣ, 57 миллион саҳифаи дастнавис, инчунин нотаҳо, сабтҳои мусиқӣ, филмҳо ва барномаҳои телевизиониро дар бар мегирад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 12+17º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.