ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 АПРЕЛ
Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд.
Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи гардун” ба нашр баромад, ки яке аз аввалин ҳафтаномаҳои хусусӣ дар кишвар буд.
Соли 2005 –Додгоҳи олӣ собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимовро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ барои хиёнат ба давлат, кӯшиши ғасби ҳокимият гунаҳкор дониста шуд. Ӯ соли 2016 баъди 13 соли адои ҷазо ба озодӣ баромад.
Соли 2017 – Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушоди Африқо гардид
Соли 2020 – Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус қарор дод, ки содироти донагӣ, лӯбиёгиҳо, орд, гандум, биринҷ, тухм, картошка ва гӯшт муваққатан боздошта шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1900 – Мавлуди Абдураҳим Хоҷибоев, сиёсатмадор, арбоби давлатӣ.
Соли 1917 – Зодрӯзи Туҳфа Фозилова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Фаъолияти эҷодии ӯ аз Театри мусиқӣ-драмавии Конибодом дар соли 1930 оғоз шудааст. Солҳои 1934-1940 дар Театри мусиқии тоҷик, сипас 1940-1948 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва минбаъд то соли 1985 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
Туҳфа Фозилова дар филмҳои киностудияи “Тоҷикфилм”, “Дохунда”, “Зумрад”, “Имрӯз ва доимо” ва “Ӯзбекфилм” нақшҳои ҷолиб офаридааст. Дар овозхонӣ низ маҳорати хоса дошт. Дар бораи ӯ ду филм “Наша Туфа” ва “Секрет актрисы” ба навор гирифта шудаанд.
Туҳфа Фозилова модари Марат Орифов, ҳунарпеша ва режиссёри синамо мебошад.
Соли 1942 – Зодрӯзи Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Кароматуллоҳи Мирзо соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияташ аз муаллими мактаб оғоз шуда, минбаъд дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор кардааст.
Чанд муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Нахустин ҳикояи ӯ “Айб аз худатон, додар!” ва китоби аввалинаш қиссаи “Ситораи умед” аст. Минбаъд маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш - “Маоши аввал”, “Шабе дар Кабудҷар”, “Дарди ишқ”, “Суруди муҳаббат”, “Нишони зиндагӣ”, “Ситораҳои паси абр”, “Ҷилои ситораҳо” ва романҳои “Дар орзуи падар” (иборат аз се қисмат), “Марги бегуноҳ”, “Ду ҳикоя”, “Деҳаро хоб мебинам” пайиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
Дар заминаи романи сегонаи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамноме иборат аз 23 қисмат танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.
Пиромуни зиндагиву эҷоди нависанда дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо номи "Кароматулло Мирзоев: ман намехоҳам, ки гурӯҳе шинанду маро таъриф кунанд" мутолиа кунед.
Соли 1960 – Зодрӯзи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ин ниҳод дар вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст.
Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор карда, солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД дар ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД-ро ба уҳда дошт.
Солҳои 2001-2004 намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ буд. Солҳои 2005-2007 ҳамчун муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2008 Сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД фаъолият кардааст.
Рамазон Раҳимзода як муддат мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президент буд ва солҳои 2009-2012 ҳамчун муовини аввали вазири корҳои дохилӣ кор кардааст.
Аз соли 2012 ин тараф ба ҳайси вазири корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Соли 2014 – Беҳрон Меҳробов, навозанда, дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории вараҷа мебошад. Ин рӯз аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҷаласаи 60-умаш дар моҳи майи соли 2007 таъсис ёфтааст.
Вараҷа гурӯҳи бемориҳои сироятӣ аст, ки тавассути газидани як навъи хомӯшак ба инсон интиқол меёбад. Одатан таб, ларза ва бузург шудани ҷигар ва сипурз нишонаҳои он дониста мешаванд. Ҳамасола беш аз 200 миллион одам ба вараҷа мубтало мешаванд ва наздики ним миллион нафар аз он мемиранд.

25 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ДНК таҷлил мешавад. Ин рӯз ба эҳтироми муҳимияти илми генетика ва дастовардҳои илмӣ дар ин самт баъшида шудааст.
Рӯзи 25-уми апрели соли 1953 дар маҷаллаи "Nature" натиҷаҳои таҳқиқоти Джеймс Уотсон, Фрэнсис Крик, Морис Уилкинс ва Розалинд Франклин дар бораи сохтори молекулаи ДНК нашр гардид.
ДНК – кислотаи дезоксирибонуклеин аст, ки маълумоти генетикии моро нигоҳ медорад ва яке аз асоситарин воситаҳои муайян кардани пайвандҳои хешутаборӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз инчунин, Рӯзи байналмилалии вакил (делегат) аст. 25 апрели соли 1945, вақте то анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 4 моҳ монда буд, дар Сан-Франсиско конференсияи байналмилалӣ оғоз ёфт, ки дар он намояндагони беш аз 50 кишвар ширкат карданд. Ҳадафи он таҳияи усулҳои пешгирии ҷангҳо ва барқарорсозии сулҳ тавассути ҳамкорӣ ва муколама буд. Натиҷаи асосии он таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва таҳияи Оинномаи он гардид.

Ин сана аз соли 2020 ба муносибати 75-солагии конференсияи Сан-Франсиско расман таҷлил мешавад ва нақши муҳими вакилони кишварҳои узви СММ-ро дар ҳалли масоили глобалии амният, экология, қазияҳои башардӯстона ва рушди устувор таъкид мекунад.
Имрӯз Рӯзи духтарон аст. Гарчанде таърихи расмии таъсиси он маълум нест, аммо худи мавҷудияти чунин рӯз ва пурсишҳо дар бораи он аз эҳтиёҷ ба он шаҳодат медиҳанд.
Мақсади асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлат ба мушкилоти духтарони наврас, кӯмак ба онҳо дар шомилшавӣ ба ҷомеа тавассути шиносоӣ бо касбҳо, кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқӣ дар мубориза бо мушкилоти синнӣ ва шахсӣ мебошад.

Ҳамчунин, имрӯз, Рӯзи ҷаҳонии пингвинҳо аст. Оилаи пингвинҳо аз 18 навъи зинда иборат аст. Аз ҳама калонтарини онҳо пингвини императорӣ буда, қади ӯ метавонад то 120 см ва вазнаш зиёда аз 40 кг шавад. Аз ҳама хурдтаринаш пингвини хурд, ки баландии ӯ аз зонуи як шахси калонсол намегузарад ва вазнаш беш аз 2,5 кг нест.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста