ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 АПРЕЛ
Соли 1929 – Аввалин Конститутсияи Тоҷикистон дар замони шӯравӣ қабул гардид.
Соли 1959 – Дар шаҳри Душанбе корхонаи “Тоҷиккабел” ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2004 – Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бо маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.
Соли 2010 – Парлумон гузариши Тоҷикистонро ба низоми 12-солаи таҳсил тасдиқ кард. Ин низоми таҳсил то имрӯз муҳокима мегардад ва ҳанӯз ҷорӣ нашудааст.
Соли 2017 – Дар шаҳри Душанбе муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии эталонӣ” кушода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 - Мавлуди Кибриё Ҳасанова, доктори илми тиб, профессор.
Соли 1945 - Зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик.

Қиёмиддин Чақалзода фаъолияти ҳунариашро дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод оғоз намуда, сипас солҳо дар театри ноҳияи Файзобод ба ҳунарнамоӣ машғул будааст.
Соли 1975 баъди хатми факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор оғоз намуда, то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр будааст. Дар саҳнаи ин театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши Холмат дар “Бой ва Хизматгор”, Қаровул дар “Худкардаро даво нест”, Ӯрмонқамиш дар “Мардҳо намегирянд”, Тешабой дар “Лайлатулқадр”, Ширинкор дар “Шоҳ Лир”, Маҳкам дар “Исёни арӯсон”, Гумоштаи сиёсӣ дар “Алломаи Адҳам” аз ин қабиланд.
Дар синамо бошад, нақши сияҳсавор дар “Ашк ва шамшер”, қассоб дар “Ҷазира", муаллим дар “Муҷассамаи ишқ” ва директори совхозро дар “Сароби хунин” иҷро кардааст.
Соли 1954 - Мавлуди Абдушукури Абдусаттор, адабиётшинос, мунаққид ва шоири тоҷик.
Соли 1954 - Зодрӯзи Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, ҳаҷвнигори тоҷик.
Соли 1954 - Мавлуди Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Соли 1969 - Зодрӯзи Раҳим Саидзода, ходими давлатӣ, вазири маорифи Тоҷикистон.
Соли 1959 - Зодрӯзи Муҳаммадюсуф Имомзода, ходими давлатӣ, доктори илмҳои филологӣ, собиқ вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Муҳаммадюсуф Имомзода хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро дар Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи А.Рӯдакии АМИТ оғоз намудааст. Баъдан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард ва то ба дараҷаи ректори ин боргоҳи илм расид.
Солҳои 1999-2004 декани факултети филологияи ин донишгоҳ буд. Солҳои 2004-2012 ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Имомзода соли 2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуд ва то соли 2020 дар ин вазифа буд. Баъдан то соли 2022 ҳамчун Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи як қатор осори илмиву методӣ мебошад.
Соли 1974 - Мавлуди Дилшод Раҳимӣ, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик.
Дилшод Раҳимӣ соли 1974 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 52-и шаҳри Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Солҳои 1999—2002 аспиранти Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Дилшод Раҳимӣ фаъолияти кории худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи филология ба ҳайси омӯзгори ҳамкор аз соли 2001 оғоз намуда, то соли 2006 идома додааст. Дар солҳои 2006—2016 мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд ва ҳамзамон сар аз соли 2009 бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамкорӣ дошт.

Дар солҳои 2016—2020 муовини директор оид ба корҳои методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2020—2022 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва солҳои 2022—2024 мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.
Дилшод Раҳимӣ асосан дар самтҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таҳқиқот мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 400 мақолаи энсиклопедӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ аз буда, таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он бо чандин забон тарҷума шудааст.
Дилшод Раҳимӣ 16 январи соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъйин шудааст. Дар ин маснад ӯ айни ҳол ба муаррифии шоистаи мероси фарҳангии халқи тоҷик машғул аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат ё Рӯзи амният ва тандурустӣ дар ҷойи кор мебошад. Ин рӯз барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили амнияти меҳнат ва пешгирии талафоти ҷонӣ дар ҷойи кор таъсис ёфтааст.
Ба гуфти Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ), ҳамарӯза дар ҷаҳон тақрибан 6300 нафар бар асари садамаҳои корӣ ва бемориҳо вобаста ба касб ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин тақрибан 2,3 миллион нафар дар як сол аст.

Имруз ҳамчунин Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи инсон аз хатарҳои кимиёвӣ низ таҷлил мегардад. Ин рӯз ба ёди фоҷиаи соли 1974 дар корхонаи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Новочебоксарски Чувашия таъсис ёфтааст, ки ҳангоми сӯхтор моддаҳои заҳрнок ба муҳити зист паҳн шуданд. Ҳадафи ин рӯз — таҳлили интиқодӣ ва арзёбии муносибати инсон бо кимиё, ҳам барои манфиат ва ҳам хатар мебошад.
Ҳамчунин 28 апрели соли 1914 дар ИМА аввалин маротиба ба кондитсионер патенти расмӣ дода шуд. Бори аввал дар соли 1815 Жанн Шабаннеси фаронсавӣ барои усули идоракунии ҳарорати ҳаво дар биноҳо патент гирифт. Аммо танҳо соли 1902 Уиллис Карриер аввалин мошини саноатии сардкунандаро барои як чопхона дар Ню-Йорк ихтироъ намуд. Дар соли 1929 ширкате дар Амрико аввалин кондиционери хонагиро истеҳсол кард.

28 апрели соли 1947 этнографи норвегӣ Тур Ҳейердал сафари маъруфи худро бо плоти "Кон-Тики" оғоз намуд, то собит созад, ки аҳолии Полинезия метавонанд аз Амрикои Ҷанубӣ ба он ҷо оянд. Сайри онҳо 101 рӯз идома ёфта, онҳо 8000 км роҳро тай намуда, 7 августи 1947 ба атолли Рароиа расиданд.

28 апрели соли 2001, киштии кайҳонии "Союз ТМ-32" бо кайҳоннавардон Т. Мусабаев, Ю. Батурин ва аввалин сайёҳи кайҳонӣ — Деннис Энтони Тито, ки миллиардери амрикоӣ низ буд, ба кайҳон парвоз кард. Онҳо 6 рӯз дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ буданд. Тито дар он ҷо акс ва навор мегирифт, дафтари хотирот навишт ва хӯроки шабонарӯзии ҳайатро интихоб мекард. 6 май онҳо ба замин баргаштанд.
Тито баъд аз фуруд гуфт: "Ман дар биҳишт будам". Ӯ барои ин парвоз 20 миллион доллар пардохт карда буд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста