Ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод, аллакай як ротаи низомиёни тоҷик дар пойтахти Русия қарор доранд ва онҳо дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии дигар кишварҳо ширкат мекунад.
Дар роҳпаймоӣ, Тоҷикистонро ҳайати шахсии бригадаи десантчӣ-ҳамлагарони нерӯҳои зудамал намояндагӣ мекунанд.
Ин воҳид бахше аз Нерӯҳои дастҷамъии вокуниши зудамал ва Нерӯҳои дастҷамъии мустақаркунандаи сареъ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошад.
Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ҳанӯз маълум нест
Дар поёни моҳи декабри соли гузашта, дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ин кишвар интизор дорад, ки воҳидҳои низомии кишварҳои ИДМ ва раҳбарони онҳо дар роҳпаймоии Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ, Владимир Путин дар пайи дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом карда буд, ки як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар паради рӯзи 9 май дар Маскав ширкат хоҳанд кард.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки худи Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлил ба ҷашни солгарди Ғалаба ба пойтахти Русия меояд.
Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон бо даъвати Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат карда буд.
Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.
Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста