ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 МАЙ
Соли 1931 - Дар Тоҷикистон воҳиди авиатсионии аввалин (ҳавонавардӣ) таъсис дода шуд. Дар ҳамин рӯз ду ҳавопаймои навъи Ф-13 ба фурудгоҳ оварда шуданд. Ин баёнгари оғози расмии фаъолияти ҳавонавардӣ дар кишвар аст.
Соли 1940 – Дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) аввалин кӯл бо ду соҳили шиноварӣ – барои мардон ва барои занон – бо номи "Комсомол" ба истифода дода шуд.
Соли 1993 – Аввалин 300 паноҳандаи тоҷик аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд.
Соли 2008 – Дар Ёвон ду воҳиди аввалини нерӯгоҳи гармидиҳӣ ба кор даромад ва корхонаи "Тоҷикхимпром" баъди бозсозӣ дубора ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2009 – Тоҷикистон воридоти нерӯи барқро аз Туркманистон ва Ӯзбекистон қатъ кард.
Соли 2010 – Барои сокинони ноҳияи Варзоб нархи гузаштан аз роҳи пулакии Душанбе–Чаноқ коҳиш дода шуд. Яъне ин шаҳрвандон барои гузар аз ин роҳ нисбат ба дигарон пули камтар медиҳанд.
Соли 2020 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки барои мубориза бо COVID-19 бемористонҳои муваққатӣ бо беш аз 3 ҳазор кат ташкил шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1904 – Зодрӯзи Ғуломҳайдар Ғуломалиев, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1933 дар ноҳияи Рӯшон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намудааст. Ӯ як муддат овозхони Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, баъдан то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл будааст.

Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузоштааст. Маъруфтарин оҳангҳои эҷодкардаи ӯ “Нола кунам”, “Салом аз Бадахшон”, “Маҳбуба”, “Ба деҳа”, “Баҳори Бадахшон” мебошанд. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.
Номбурда 19-уми апрели соли 1961 аз дунё даргузашт.
Соли 1914 - Зодрӯзи Мирзо Раҳматов, собиқ раиси Президиуми Шӯрои Олии Точикистони Шӯравӣ (1956—1963).
Фаъолияти корияшро соли 1925 ба ҳайси деҳқон дар хоҷагии шахсиаш оғоз кардааст. Котиби кумитаи Ҳизби комунист (ҲК)-и вилояти Ғарм, ҷонишини якуми мудири шуъбаи кадрҳои ҲК Тоҷикистон (1945—1948), мудири шуъбаи мактабҳои ҲК Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, котиби Кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон (1951—1956), раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон (1956—1963), вазири фарҳанги Тоҷикистон (1963—1966), сафири фавқулода ва мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Ямани Араб (1966—1972) ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания (1972—1975) буд.
Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 4-6) ва Тоҷикистони Шӯравӣ (даъватҳои 3-6) мебошад.
Мирзо Раҳматов 20 августи соли 1998 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1916 - Мавлуди Турсун Ӯлҷабоев, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ.

Турсун Ӯлҷабоев соли 1935 техникуми омузгорӣ ва соли 1950 Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Иттиҳоди Шӯравии собиқро дар шаҳри Маскав хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Спитамен оғоз карда, сипас ба ҳайси мудири шуъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Спитамен, котиби якуми Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон, Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.
Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” оғоз шуд. Дар давраи истиқлол НБО “Норак” ба номи Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд.
Турсун Ӯлҷабоев 31 майи соли 1988 аз олам даргузашт.
Соли 1922 - Мавлуди Меҳрубон Назаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, коргардон ва драманависи тоҷик.

Меҳрубон Назаров хатмкардаи Институти театрии ба номи А.Островскийи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП шаҳри Маскав аст.
Ӯ солҳо дар рӯзномаи "Тоҷикистони сурх", Саридораи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ, ҷонишини якуми Вазири маданият, ҷонишини раиси Комитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, раиси Комитети давлатӣ оид ба киноматография, Вазири маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Ӯ беш аз 30 намоишнома, чун "Гунаҳкорони бегуноҳ", "Макр ва муҳаббат", "Қишлоқи тиллоӣ", "Калтакдорони сурх", "Тошбек ва Гулқурбон", "Шӯҳрати нек"-ро ба саҳна гузоштааст.
Меҳрубон Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд. Ӯ муаллифи пйесаҳои бисёрпардагии "Орзу", "Дасти дӯст", "Ҳалокати одат" ва як зумра пйесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад.
Ӯ дар баҳори соли 1993, дар сахтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, дар синни 71-солагӣ даргузашт
Бо корномаи Меҳрубон Назаров дар ин мақолаи "Азия-Плюс" ошно шавед.
Соли 1929 - Мавлуди Гурминҷ Завқибеков, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Ӯ Донишкадаи театрию ҳунарии ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, солҳои 1943-1946 мусиқинавози дастаи бачагонаи Помир, солҳои 1946-1950 ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Хоруғ, аз соли 1954 дар Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ нақшҳои барҷастаи асосии қаҳрамонони миллиро бозидааст.
Ӯ дар филмҳои "Дӯсти ман Наврӯзов", "Дохунда", "Вазифаи олӣ", "Чароғ дар кӯҳсор", "Қисмати шоир","Одам пӯсташро иваз мекунад", "Достони Рустам, "Ситора дар тирашаб", "Субҳи нави ҷавонӣ" нақшҳо офаридааст.
Дар Душанбе аз ӯ Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков ҳамчун нишон мондааст. Дар назди осорхона ансамбли фолклорӣ амал мекунад, ки роҳбари он фарзандаш аст.
Гурминҷ Завқибеков 21 октябри соли 2003 аз олам даргузашт.
Соли 1928 – Зодрӯзи Бобо Ҳоҷӣ, шоири тоҷик.

Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст.
Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳо барои бачагон «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1961), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Гурбаи гелосбон» (1971), «Садарайҳон» (1980) ва ғайра мебошад.
Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1974), «Нони ҳалол» (1978), «Осиёи чашма» (1984), «Паймона» (1986), «Дурри ятим» (1988), «Ашки булбул» (1990), «Пешдаргирон» (1998) ва ғайра чоп шудаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст.
12 апрели соли 2016 аз олам даргузашт.
Соли 1928 – Зодрӯзи Ашӯр Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон.

Нозири шуъбаи маорифи халқи Кӯлоб (1958—1959), ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1959—1963), мухбири махсуси Радиои тоҷик дар собиқ вилояти Кӯлоб (1963—1969), инчунин дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқи шаҳри Кӯлоб (1969-73), директори стансияи табиатшиносони ҷавони собиқ вилояти Кӯлоб (1975—1980) кор кардааст.
Аввалин шеъраш соли 1951 ба табъ расидааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Фарзанди аср» (1973), «Хандаи гулҳо» (1976), «Дастёри додо» (1979), «Самари умр» (1980), «Гули моҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Гуфтори алифбо» (2005), «Борони ҳидоят» (2008) ва ғайра аст.
Маҷмӯаи ашъораш «Плоды жизни» (ба забони русӣ, 1984), «Гулчини ашъор»-аш (ба хатти арабӣ, Т., 1997) ба табъ расидаанд. Аз соли 1991 Шоири халқии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ 10 январи 1997 дар шаҳри Кӯлоб вафот кард.
Соли 1933 - Зодрӯзи Атахон Сайфуллоев, адабиётшинос, нависандаи тоҷик.

Атахон Сайфуллоев солҳо ҳамчун сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, ходими пешбар ва сарходими илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини раиси Шӯрои мазкур, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии "Паёми Суғд" будааст.
Сайфуллоев муаллифи беш аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутақобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст.
Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик" ва "Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ", муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ ва тарҷумони як қатор осори ҷаҳонӣ аст.
Атахон Сайфуллоев моҳи марти соли 2017 аз олам даргузашт.
Соли 1937 - Зодрӯзи Марям Исоева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Ӯро метавон беҳтарин ҳунарпешаи Тоҷикистон ном бурд. Чун тамоми ҳаёташро дар театр гузаронида, ҳастиашро ба саҳна бахшидааст. Махсусан образи зан-модари тоҷик дар эҷодиёти ӯ бисёр барҷаста дида мешавад. Ӯро гоҳо "модари театри тоҷик" ҳам меноманд.
Марям Исоева баъди хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский дар ш. Маскав ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии мусиқӣ мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ ба фаъолият пардохтааст.
Аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ буд. Соли 1979 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Зиёда аз 40 сол дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс дода, то имрӯз шогирдони зиёде тарбия намудааст. То имрӯз дар саҳнаҳои зиёде нақш офаридааст, ки шуморашон беҳисоб аст ва ба гуфтаи худи ӯ, «дар як сол то панҷ нақш офаридаам, ки баъзе ҳунармандон дар панҷ сол панҷ нақш меофаранду халос».
Соли 1938- Зодрӯзи Бурҳон Ғанӣ, адиби тоҷик.

Бурҳон Ғанӣ соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, то рӯзи фавташ ходими маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст.
Асарҳояш аз аввали солҳои шастуми асри гузашта рӯи чопро дидаанд.
Дар эҷоди ҳаҷву мутоиба мумтоз буда, дар ин ҷода аз устодаш Фазлиддин Муҳаммадиев сабақҳои даркорӣ гирифтааст.
Ҳикояҳои ӯ «Ҳимоя» (1965), «Кори нек» (1968), «Эҳтиром» (1978), «Дафтарчаи қайдҳо» (1978) ӯро ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигор машҳур гардондаанд.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Хушомадгӯёнро азиз доред!» соли 1973, «Ҳар каллаеро як хаёл» соли 1977, «Хеши падар» соли 1987 чоп шудаанд.
30 декабри соли 1992 риштаи ҳаёташ канда шуд.
Соли 1940- Мавлуди Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифоъ ва собиқ вакили парлумон.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст.
Баъдан, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст.
25 апрели соли 2020 аз олам даргузашт.
Соли 1965- Зодрӯзи Мурод Муродӣ, устоди факултети журналистикаи ДМТ.

Солҳои 1992 – 1996 дар ДМТ ба ҳайси аспирант ба пажӯҳиши илмӣ машғул гардида, солҳои 1996 – 1999 дар вазифаҳои ассистент, дотсент, муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои илм, тарбия ва таълим фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2011 мудири кафедраи матбуоти ДМТ ва аз соли 2011 профессори ҳамин кафедра мебошад.
Солҳои 2000 – 2002 ба вазифаи муовини сардабир ва солҳои 2002 – 2004 сардабири нашрияи «Қалам» будааст. Аз соли 2013 муҳаррири масъули маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг»-ро ба дӯш дорад.
Самти фаъолияти илмии М. Муродов публитсистика, хосса публитсистикаи ҳаҷвӣ аст. Ӯ муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 22 китоб мебошад, ки ҷустӯҷуйҳои илмиии ӯро фаро мегиранд.
Соли 2018- Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.
Адабиётшиносон Бозор Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.
Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.
Паз чанд муддати беморӣ 1 майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Пайванд» соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои «Мижгони шаб» (1981), «Борони тиллоӣ» (1982). Сипас як силсила шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи маҷмӯаи «Оташбарг» (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабон гардид. Китоби дигари ӯ «Чашми сафедор» (1991) мебошад.

Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки ҳар байти ӯ дар қалби хонанда ҷой шуда, шеърҳояш ҷовидонианд. Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир - “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум карда, Бозор Собирро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик намудааст. Баъдтар, дар оғози ҷунбиши бедорӣ ва даъвоҳои мақоми расмӣ додан ба забони тоҷикӣ ин шеъри Бозор Собир ба шиор табдил ёфт.
Маҷмуаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии коргарон дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ, таҷлил мешуд. Имрӯз ин рӯз ҳамчун Рӯзи меҳнаткашон ё Рӯзи коргарон дар беш аз 142 кишвари ҷаҳон қайд мегардад.

Дар Тоҷикистон, тибқи тағйиротҳои қонуни ҷашну идҳои давлатӣ, аз соли 2018, 1 май аз рӯйхати идҳои расмии давлатӣ хориҷ карда шуд, вале он то ҳол дар мафкураи мардум ҳамчун рамзи эҳтиром ба заҳмати коргарон боқӣ мондааст.
1 майи соли 1960 ҳавопаймои ҷосусии ИМА навъи U-2, таҳти идоракунии Фрэнсис Гэри Пауэрс, ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуда, дар фазои наздикии шаҳри Свердловск (ҳоло Екатеринбург) аз ҷониби мудофиаи зиддиҳавоии СССР бо мушаки С-75 зада афтонда шуд.

Пас аз зарбаи мушак, қисми муҳими ҳавопаймо — қанот, муҳаррик ва қисми ақиб — вайрон гардид. Пауэрс бо парашют фуруд омада, зинда боздошт гардид.
Дар ҷараёни амалиёт як ҳавопаймои ҷангии шӯравӣ навъи МиГ-19, ки дар сатҳи поинтар парвоз мекард ва қодир набуд ба баландии парвози “U-2” барояд, тасодуфан аз ҷониби мушаки худӣ зада афтонда шуд. Сардори экипаж лейтенанти калон Сергей Сафронов дар натиҷа ҳалок гашт.
1 майи соли 1840 дар Британияи Кабир нахустин тамғаи расмии почтавӣ ба истифода дода шуд. Ин тамға бо номи "Пенни Блэк" (Penny Black) маъруф аст ва акси малика Виктория дар он тасвир ёфта буд.
Муаллифи идеяи истифодаи тамғаи почтавӣ ва ислоҳоти куллии низоми почта Роуланд Ҳилл буд. Ӯ соли 1837 лоиҳаи ислоҳоти системаи почтавиро пешниҳод кард, ки ҳадафи он дастрас ва сода кардани ирсоли номаҳо буд. Ҳилл соли 1854 ба вазифаи раиси хадамоти почтаи Бритониё таъин гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста